Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандгардонӣ ва имтиёздиҳӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ гардида, метавонад ба ташкил ёфтани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани имконияти иҷтимоию иқтисодии оилаҳо мусоидат намояд. Чунин ибрози назар намуд коршиноси Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонбегим Абдуллоева.
- Соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзалиятноки сарватҳои миллӣ мебошанд, ки бо ҳам алоқамандии зич дошта, дар муаррифии фарҳангу таърихи куҳани халқи тоҷик, табиати биҳиштосо ва обҳои мусаффои Тоҷикистон ба ҷаҳониён нақши муҳим доранд. Ин аст, ки сайёҳон бо таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба мамлакати мо рӯ оварда, маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро харидорӣ менамоянд, аз меҳмонхонаю тарабхонаҳо ва ҷойҳои таърихии давлатамон, ки бо кандакориҳои миллӣ оро дода шудаанд, истифода мебаранд.
Бояд гуфт, ки ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин навъҳои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманд мебошанд. Ҳунарҳои мардумӣ ҳисси зебоипарастии ҳар халқу миллатро таҷассум менамоянд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандони мардумӣ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад. Ҳунар дар ҳама давру замонҳо рисолати созандагии халқияту миллатҳо ва рушду нумӯи соҳаҳоро иҷро менамояд. Таҷрибаҳои таърихӣ низ исбот менамоянд, ки бештари кишварҳои олам тавассути фарҳанг ва ҳунарҳои милливу мардумиашон худро ба оламиён шиносонидаанд. Хусусан ҳунарҳои мардумӣ яке аз падидаҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон ва навъҳои гуногуни он ба шумор мераванд. Гарчанде мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ин ҷониб арҷгузорӣ ва эҳтиромашро ба ҳунару ҳунармандӣ ва анъанаҳои миллӣ пос медорад, вале раванди ҷаҳонишавӣ хатари аз байн бурдани ҳунарҳои мардумиро ба миён овардааст.
Аз ин рӯ, мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, рушду тақвият бахшидани он ва дар ин замина дарёфти ҳунармандони болаёқат яке аз масъалаҳои муҳим дар бахши фарҳанги мамлакат буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои созандаашон дар ин самт заминаи бузурге дар рушди ҳунарҳои мардумӣ гузоштаанд. Зеро чуноне ки маълум аст, тоҷикон мардуми куҳанбунёду меҳнатдӯст буда, дар самти ҳунарҳои гуногуни мардумӣ таърихи куҳан доранд ва метавонанд ин анъанаҳои мероси миллии ниёгонамонро идома диҳанд. Ин раванд бахусус дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҳар миллату давлат хеле муҳим аст. Зеро ин раванд солҳои охир беш аз пеш вусъат ёфта, дар баробари арзишҳои маънавӣ намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ низ аз марзи як давлат фаротар рафта, мавриди истифодаи умум қарор мегиранд.
Вобаста ба ин, бо дастгирии Президенти мамлакат расму оинҳои мардумӣ ба танзим дароварда шуда, беҳтарин анъанаву суннатҳои аҷдодӣ эҳё мегарданд. Аз ин рӯ, дар ҷумҳурӣ давра ба давра ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзгузории ин намуди фаъолият, яъне рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ мегардад, ки метавонад сабаби ташкил шудани ҳазорҳо ҷойи нави кор ва ба ин восита беҳтар шудани имконияти иҷтимоию иқтисодии оилаҳо гардад. Бояд иброз намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ 47 муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, марказҳои ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуда, дар онҳо давоми се моҳ аз рӯйи 50 навъи касбу ҳунарҳои миллӣ хоҳишмандон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд, барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 намуди фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи андозҳо озод шудааст. Инчунин дар «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» 107 касбу ҳунари тоҷикон сабт шуда, алҳол шумораи онҳо мутобиқи таҳқиқоти олимони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, ба 112 адад мерасад. Гулдӯзии чакан (соли 2018), кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим (соли 2022), атлас ва адрасбофӣ (соли 2023), зарҳалкорӣ (соли 2023) ба рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО дохил гардидаанд.
Бо эълон гардидани Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) бисёре аз ҳунарҳои қадимаи мардуми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз нав эҳё гардиданд. Имрӯзҳо ҳунармандӣ дар ин ноҳия қариб дар ҳар оила вуҷуд дошта, машғулияти асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, ҳунарҳои тоқидӯзӣ, ҷӯроббофӣ, мӯҳрабофӣ, рӯймолчабофӣ, намадсозӣ, ресандагӣ, сабадбофӣ ва ғайра ҳамагонро ба ҳайрат меоранд. Мардон низ ҳунарҳои махсус, ба монанди палосбофӣ, чӯбтарошӣ, сангтарошӣ, кулолгарӣ ва оҳангарӣ доранд. Зеро ҳунарҳои дастӣ бахше аз зиндагии онҳо аст. Дар он ҷо бисёр ҳунармандонро вохӯрдан мумкин аст, ки тамоми нозукиҳои ин шаклҳои санъатро медонанд ва ҳатто корхонаҳои хурди бофандагию ресандагӣ кушода, ба шогирдон ҳунар меомӯзонанд. Маҳсулоти дастдӯхти баъзе аз ҳунармандони ноҳияи Ишкошим то ба Амрикову Ҷопону Фаронса расидааст.
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» соли 2019, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» соли 2003, қабул гаштани Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015, Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва инчунин эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) такони ҷиддӣ дар ин самт мебошанд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2024 «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба тасвиб расид.