img
БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО БО ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ

Санаи 29 ноябри соли ҷорӣ Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ бо мақсади муҳокимаи масъалаҳо доир ба бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, табодулии таҷрибаи пешрафта дар ин самт аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия боздид ва мулоқот анҷом доданд.

 

Зимни вохӯрӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода аснои вохӯрӣ бо муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ертугрул Сойсал доир ба ҳамкориҳои мақомоти марбутаи ҷонибҳо дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахусус омӯзиши таҷриба дар ин бахшҳои фаъолият мубодилаи афкор сурат гирифт.

30.11.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ