Рӯзҳои 14-18 октябри соли равон аввалин маротиба 16 – умин Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он зиёда аз 500 нафар истеъдодҳои ширкат намуданд.
Ҳадаф аз баргузории Бозиҳои Делфӣ- ин дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, санаи 17 октябри соли равон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаҳои рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Файзобод ва Варзоб дар Муассисаи давлатии “Боғи “Ирам” “Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ” ташкил ва баргузор карда шуд, ки аз он меҳмонон дидан намуда, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ аз анъанаҳои миллии халқи тоҷик баҳравар гардида, таассуроти хотирмон бардоштанд.