img
БАРРАСИИ ВАЗЪИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОНИ СОЛҲОИ 2023-2024

22 юми сентябри соли 2023 маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа баргузор шуда, масъалаи омодагии вазорат ва сохторҳои он ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Оид ба масъала гузориши роҳбари ситоди  доимоамалкунанда барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар вазорат, муовини вазир Давлатзода  Қиёмиддин оид ба вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар сохторҳои вазорат ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии системаи он шунида шуд.

 

Вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, дар маҷмуъ қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин то 1 октябри соли 2023 муҳлат дода шуд ва аз натиҷаи баррасии масъала қарори дахлдор қабул гардид.

 

Маҷлиси ҳайати мушовара дар идома фаъолияти 8 моҳаи сохторҳои вазоратро мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Доир ба натиҷаҳои фаъолият Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат, ва шуғли аҳолӣ гузориши сардорони сохторҳо шунида шуда, барои тақвияти фаъолият супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

 

22.09.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ