Имрӯз, 11 октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати вазир Амонзода Ширин Шодӣ маҷлиси васеи Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022» баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, муовини якуми раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамов Айёмбек, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони сатҳу зинаҳои гуногуни хадамотҳои муҳоҷират, назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои давлатӣ ва роҳбарияти Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тариқи маҷозӣ ҳузур доштанд.
Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 маърузаи муовини вазир Ализода А.Ҳ. шунида шуд.
Зикр гардид, ки вазорат фаъолиятро баҳри дар амал татбиқ намудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025 ва дигар барномаҳои давлатӣ равона намуда, оид ба мураттаб сохтани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкиму танзими давлатии музди меҳнат ва пардохти он, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбиву таълими калонсолон ва ҳунарҳои миллӣ, ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар хориҷи кишвар, муҳоҷирати дохилӣ, экологӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеа як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Дар ин давра 19 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз ин шумора 3 лоиҳа ба тасвиб расида, 4 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо ва 3 лоиҳа дар марҳилаи таҳия қарор доранд.
Дар муҳокима ва баррасии он сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони сохторҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳриву вилоятӣ иштирок ва ба пурсишҳо посух доданд.
Раиси маҷлис зимни баррасии масъала бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти соҳаҳои фаъолияти вазорат, тақвияти корҳо ҷиҳати иҷрои босифати стратегия ва барномаҳои соҳавӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар фарҷоми ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ қарори Ҳайати мушовараи вазорат қабул гардид.