Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун василаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ маҳсуб ёфта, барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии иқтисодии сокинони кишвар мусоидат менамояд.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуданд.
Дар баробари ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намуда, дар марҳилаи аввал барои таъсиси инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Феълан аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, босамар татбиқ шуда истодааст.
Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат соҳаи сайёҳӣ рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Бо назардошти саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар он ҳамчун самти афзалиятнок дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 дарҷ гардида, Пешвои миллат ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вусъат бахшидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба сохтору мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Дар инҷо мехостам аз ду нуқтаи хеле муҳими суханронии Пешвои миллат зимни мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони ВМКБ, ки рӯзи 10 октябри соли 2013 баргузор шуда буд, ёдовар шавам.
Сарвари давлат зимни мулоқот таъкид доштанд, ки бо назардошти табиати нотакрор, кӯҳу қуллаҳои осмонбӯс ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ тараққӣ додани сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб меравад. Бадахшон бо кӯҳҳои зебоманзар ва ҷойҳои таърихиву табиати нотакрор ҳамчун яке аз мавзеъҳои нодири сайёҳиву кӯҳнавардӣ, шикор ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш дар ҷаҳон эътироф гардидааст”.
Ҳамзамон 26 июни соли 2016 зимни ифтитоҳи бинои “Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ” дар вилоят, Пешвои миллат кормандони соҳаи сайёҳии вилоятро бо ба кор оғоз кардани нахустин кохи ҷаҳонгардон дар қаламрави Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки барои фаъолияти пурсамари кормандон дар бахшҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, феълан шумораи аҳолии вилоят 232,7 ҳазор нафар мебошад, ки аз ин теъдод 141,0 ҳазор нафар аҳолии қобили меҳнат, 68,9 ҳазор нафар аҳолии аз синни қобили меҳнат хурд ва 21,9 ҳазор нафар аҳолии аз синни қобили меҳнат калонсол буда, синну соли миёнаи аҳолӣ дар вилоят ба 29,7 сол рост меояд.
Дар вилоят шумораи умумии аҳолии машғули кор 82,5 ҳазор нафар ва шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда зиёда аз 5,2 ҳазор нафар буда, сатҳи шуғлнокии аҳолӣ 58,5 фоизро нисбат ба аҳолии қобили меҳнат ташкил дода, сатҳи бекорӣ бошад ба 5,6 фоизи қувваи корӣ дар вилоят баробар аст.
Ҳаҷми хароҷот барои нигоҳдории қувваи корӣ дар вилоят ба 604,6 млн. сомонӣ ва фонди музди меҳнат бошад, 464,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнат дар соли 2022 дар вилоят ба 1557,4 сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2021-ум 6,3 фоиз зиёд мебошад.
Давоми солҳои 2021-2022 ва семоҳаи якуми соли 2023 дар сатҳи вилоят 28 ҳазору 963 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, дар ин замина дар солҳои 2021-2022 ва нимсолаи якуми соли ҷорӣ 12,3 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуд.
Тавре таҳлилҳо нишон дод, хусусан дар бахши хизматрасонӣ, (барои мисол, дар ошхонаҳо, тарабхонаҳо, нақлиёт ва дигар), шуғли ғайрирасмӣ бештар ба назар мерасад, ки ин ба оморӣ таъсиси расмии ҷойҳои нави корӣ таъсири манфӣ расонида, эҳтимол аст, ки 0,3 ҳазор нафари машғул дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳои вилоят, ин танҳо коргарони расмӣ буда, қисми бештари коргарони ғайрирасмӣ ба ҳисоб гирифта нашудаанд. Айни ҳол дар ВМКБ 49 ширкати сайёҳӣ, фаъол мебошад.
Дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 пешбинӣ гардидааст, ки ҳиссаи шуғлнокии аҳолӣ дар соҳаи сайёҳӣ бояд то соли 2030-ум 10,0 фоизро аз шумораи умумии аҳолии машғули кор ташкил диҳад ва дар ин замина саҳми соҳаи сайёҳӣ дар ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то ба 8,0 фоиз расад.
Дар айни замон, мувофиқи маълумоти фаврӣ (пешакӣ) ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар ташаккули ММД-и кишвар ба 2,8 фоиз расидааст ва ин нишондиҳанда сол аз сол афзоиш меёбад.
Дар робита ба ин ва бо назардошти аҳамияти муҳим доштани рушди соҳаи сайёҳӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии бекор, вазорат дар доираи афзалиятҳои муайяншуда, ҷиҳати омодасозии кадрҳо барои соҳаи мазкур низ пайваста тадбирҳоро амалӣ намуда истодааст.
Дар давоми солҳои 2021, 2022 ва нимсолаи якуми соли 2023 дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон ва филиали Литсейи касбии махсуси маъюбон дар ноҳияи Рушон барои таъмини корхонаҳои истеҳсолӣ бо кадрҳои коргарӣ 793 нафар (305 нафар ё 38,4 фоиз духтар) аз руйи 8 касбу ихтисос омода шуда, 303 нафар бо ҷойи кори доимӣ дар ҳудуди вилоят ва берун аз он таъмин гардиданд.
Ҳамчунин дар давоми солҳои 2021, 2022 ва нимсолаи якуми соли 2023, тавассути муассисаҳои таълимии системаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, 7991 нафар (4272 нафар ё 53,5 фоиз духтар) аз руи 49 касбу ҳунар курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд.
Дар маҷмӯъ дар муассисаҳои таълимии тобеӣ вазорат дар вилоят давоми ин солҳо 8784 нафар шаҳрвандон (4577 нафар ё 52,1 фоиз духтар) ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Бо назардошти вазъи кунунии шуғли аҳолӣ дар соҳаи сайёҳии вилоят, ҳамзамон бо назардошти таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инфрасохторӣ, дар ояндаи наздик барои то 10% расонидани шуғлнокӣ дар соҳаи сайёҳӣ, як қатор чорабиниҳоро гузаронидан лозим мебошад.
Аз ин рӯ, мехостам таваҷҷуҳи шуморо ба масъалаҳое, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ВМКБ метавонанд, такони ҷиддӣ диҳанд ҷалб намуда, пешниҳодҳои зеринро ба мақсад мувофиқ мешуморам.
-бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони ба шуғл фаро гирифташуда дар соҳаи сайёҳӣ бояд аз ӯҳдаи иҷрои намудҳои гуногуни хизматрасонӣ баромада тавонанд, аз ҷумла, роҳбаладӣ ва тарҷумонӣ, меҳмонпазирӣ ва пешхизматӣ истеҳсол ва фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ;
-зимни бунёди меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ вобаста ба шароити ҷуғрофии маҳал талаботи сайёҳони хориҷӣ ба инобат гирифта шуда, муҷаҳҳазгардонӣ, инъикоси расму оин ва этнографияи мардуми кӯҳистон хеле моҳирона ва эҷодкорона истифода карда шавад;
-таҳия намудани харитаи роҳ, бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, бо назардошти захираҳои мавҷудаи инсонӣ, ҷуғрофӣ, табиӣ, фарҳангӣ ва дигар имкониятҳои вилоят;
-омузонидан ва омода кардани кадрҳои рақобатпазир, бо назардошти стандартҳои байналмиллалӣ, вобаста ба касбу ихтисосҳои соҳаи сайёҳӣ;
-андешидани тадбирҳои зарурӣ, ҷиҳати кам кардани шуғли ғайрирасмӣ дар соҳаи сайёҳӣ (хизматрасонӣ);
-гузаронидани ярмаркаҳои соҳавии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар соҳаи сайёҳӣ;
-таъмини рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ (аз ҷумла, роҳҳои автомобилгард, фурудгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, тарабонаҳо, мавзеъҳои варзишӣ, таърихӣ, истироҳатӣ, табобатӣ).
Итминони комил дорам, ки бо ташкил намудани инфрасохтори зарурӣ, ҳаллу фасл намудани мушкилоти логистикӣ, омодасозии кадрҳои сатҳи баланди хизматрасонӣ ва бо назардошти шароит, иқлим, мавзеҳои таърихӣ ва диверсификасияи соҳаи сайёҳӣ дар вилоят, ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ амалӣ шуда, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина ба баланд шудани сатҳи шуғлнокии аҳолӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
АЛИЗОДА АЛИШЕР ҲИКМАТУЛЛО
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон