Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» яке аз санадҳои муҳими сиёсӣ-ҳуқуқие аст, ки дар он масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, масоили баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзуъҳои меҳварӣ маҳсуб мешаванд.
https://khovar.tj/
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳаммияти он дар ҳаёти мамлакат чунин таъкид гардид: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».
Бояд хотирнишон сохт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумхалқӣ қабул гардида, соли 2024 30-юмин солгарди қабули он таҷлил мешавад. Дар ин замина Президенти Тоҷикистон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.
Дар натиҷа фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023 қабул гардид, ки мақсади асосии ин фармон аз баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-ум масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатро хеле муҳим ва мубрам ҳисобида, 9 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ин фармон бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо қабул шуд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои гуногуни ҷомеа тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин самт якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намудааст. Чунончи, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1 декабри соли 1999, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августи соли 1997, дар бораи «Барномаи низоми давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 июни соли 2001, «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» аз 3 декабри соли 2012 ва ғайра.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 30 апрели соли 2001 доир ба масъалаи сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳамчунин тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон сухан рафта, аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки «то ҳанӯз сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии мардум паст мебошад.
Сабаби инро ман, пеш аз ҳама, дар суст будани кори ташвиқоти қонуну қарорҳои қабулшуда мебинам. Яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон ва вайрон намудани меъёрҳои қонун аз ҷониби роҳбарони идораю корхона ва муассисаҳои алоҳида маҳз надонистани қонун аст».
Ҳамзамон Сарвари давлат дар идомаи суханронӣ ёдовар шуданд, ки «Конститутсия ва қонунҳое, ки давоми чанд соли охир қабул шудаанд, асоси тозаи низоми ҳуқуқӣ гузоштанд, ки аз нигоҳи моҳияту мазмунашон дар муқоиса бо қонунҳои давраи гузашта комилан нав ҳастанд. Дарку фарогирии ин падидаҳои ҳуқуқӣ ва идомаи ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ ҳам аз шаҳрвандон ва ҳам аз мақомоти давлатию ғайридавлатӣ тақозо менамояд, ки муносибати худро дар ин самт ба куллӣ тағйир диҳанд».
Бинобар ин, дар ин Паёми гуфташуда парламент, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат муваззаф гардиданд, ки барои тарғиби дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолии мамлакат фаъолона саҳм гузоранд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 30 апрели соли 2007 омадааст: «Дигар масъалае, ки ҳамчунин кӯшиши якҷояи ҳамаи рукнҳои ҳокимият, аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои иттилооти омма, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти умумӣ, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеаро талаб менамояд, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва зина ба зина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум ва пеш аз ҳама, ҷавонон аст».
Воқеан, тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат кори саҳлу осон набуда, меҳнату заҳмати бешро тақозо месозад. Аз ин лиҳоз, даъвати Роҳбари давлат аз ҳамаи мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум, хусусан маърифати ҳуқуқии ҷавонон муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Дар шароити кунунӣ дар рушду инкишофи ҳар давлат ҷавонон нақши бориз доранд. Чунки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол ва неруи бунёдкору созанда буда, нисбат ба қишрҳои дигари ҷомеа бештар фаъолу серҳаракат, ҳамчунин умеду такягоҳи давлат ва миллат мебошанд. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки пайваста омӯзанд ва донишашонро такмил бахшанд, аз илму фарҳанги ҷаҳонӣ бархурдор гарданд, илова бар ин сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 25 апрели соли 2008 низ яке аз масоили муҳимтарин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат таъкид шуд. Чуноне Сарвари давлат иброз доштанд, «рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад».
Аз ин рӯ, дар ҳамин Паёми Президенти Тоҷикистон олимони соҳаи ҳуқуқи мамлакат муваззаф шуданд, ки Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, то ҷашни 15-солагии қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, яъне 6 ноябри соли 2009 рӯйи чоп оранд. Илова бар ин, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки барои беҳтар амалӣ намудани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабули барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш татбиқ намудани он амалӣ шавад.
Дар натиҷа, соли 2009 Тафсири илмию оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимони соҳаи ҳуқуқи ватанӣ аз чоп баромад ва ҳоло аз ҷониби табақаҳои мухталифи аҳолии мамлакат ба таври васеъ истифода мегардад. Бар замми ин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ шуд. Мақсади асосии ин барнома аз баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд ва амсоли инҳо иборат буд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016 ба масоили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат диққати махсус дода шуда, дар ин самт ба вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дастур фармуда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш бахшанд.
Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон дар ҳамин Паём ба Вазорати маориф ва илми мамлакат супориш доданд, ки «омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ амалӣ намояд».
Ҳамин тавр, дар барномаҳои муассисаҳои таълимии мамлакат омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ шудаанд, ки ба ин восита донишҳои сиёсиву маърифати ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории мамлакат, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии наврасону ҷавонон боло рафта, бо ин дар масири эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳми намоён мегузоранд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 декабри соли 2018 таъкид шуд, ки «баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Дарвоқеъ, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқӣ тақозо менамояд, ки бе он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд комилан амалӣ шаванд.
Дар ҳамин Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ба анҷом расидани муҳлати «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2019» зарур донистанд, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул гардад.
Ҳамин тавр, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тасдиқ шуд. Барнома дар замони муосир бағоят муҳим буда, зарур аст, ки муқаррароти он ва дар ин замина муқаррароти қонунгузории ҷумҳурӣ дар байни қишрҳои мухталифи аҳолии мамлакат аз ҷониби масъулину мақомоти дахлдори давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам тарғибу ташвиқ гардида, ба ин восита маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ баланд бардошта шавад.
Чунки баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат ба пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, риояи Конститутсия ва қонунгузории мамлакат, инчунин эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Бояд хотиррасон намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 тасдиқ шуд, ки ин иқдоми навбатии Ҳукумати мамлакат дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Стратегия тамоми нақшаҳои миллии мавҷуда марбут ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид доир ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигари самти ҳуқуқи инсонро дар худ таҷассум намуда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил мебахшад.
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳо дар самти ҳуқуқи инсонро муайян намуда, масъалаи таҳияи сиёсати пешрафта ва ягонаи байнисоҳавиро пешбинӣ менамояд, ки ба мустаҳкам намудани ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар мамлакат равона гардидааст.
Хулоса, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ва санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат мусоидат менамоянд.
Манбаъ: АМИТ “ХОВАР”
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
корманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ