img
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ОН МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ ПЕШҚАДАМ ВА ҶУСТУҶӮИ ҲАЛЛИ ИННОВАТСИОНӢ АСТ

Аз 10 то 13 июни соли 2024 дар шаҳри  Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад. Ҳадафи конфронс табодули таҷрибаи беҳтарин ва дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионӣ, инчунин таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва баланд бардоштани нақши об дар рушди устувор мебошад.


Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амалиёти об аз силсилаи чорабиниҳое мебошад, ки дар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ оид ба дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» гузаронида мешавад. Бо баргузории ин чорабинии муҳим,  Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки платформаро барои пайгирӣ, пешбурд ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи обии Конфронси СММ оид ба захираҳои об сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо оид ба ноил гардидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030-ро таъмин намояд.


Ин яке аз уҳдадориҳои қабулгардидаи давлат мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси СММ оид ба об эълон шудааст. «Раванди оби Душанбе» – ин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад, ки бо роҳи гузаронидани конфронсҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо СММ дар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. То имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри  Душанбе ду конфронси сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» муваффақона баргузор гардидааст.

 

KHOVAR.TJ

 


Лайло ТОИРӢ,
Азиза ИКРОМӢ,
АМИТ «Ховар»

07.02.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ