img
Муноқиша байни муҳоҷирон дар майдони сохтмонии "Лахта-Центр"

Санаи 3 июни соли 2023 дар майдони сохтмонии “Лахта-Центр”, воқеъ дар ноҳияи Приморскии шаҳри Санкт-Петербург байни сохтмончиён аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон муноқиша рух дод. Сохтмони мазкур ба ширкати сохтмонии “Прайдекс” тааллуқ дошта, дар ҳудуди он 5 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аксарашон зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, фаъолият доранд.

Муноқиша аз ҷанги 6 нафар шаҳрвандон дар бинои “Лахта-Центр” оғоз гардида, баъдан бо ҷалби гурӯҳҳои дигар дар саҳни ҳавлии сохтмон идома меёбад.

Дар натиҷа, ҳудуди 25 нафар ҷароҳатҳо бардоштанд, аммо бо сабаби осебҳои вазнин нагирифтан аз хизматрасонии тиббӣ саркашӣ намуданд.

Вобаста ба қазияи мазкур кормандони полис ва дастаи таъйиноти махсус ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, 380 нафар гумонбаронро дастгир ва барои додани нишондод ба шуъбаи полис интиқол доданд.

Бо мақсади муайян намудани раванди кор ва пешгирии ноадолатӣ дар рафти тафтишоти пешакӣ аз ҷониби кормандони Консулгарии генералӣ ҶТ дар шаҳри Санкт-Петербург ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо Кумитаи равобити хориҷӣ ва мақомотҳои қудратии Федератсияи Россия мулоқотҳо гузаронида шуд.

Муайян карда шуд, ки аз шумораи умумии дастгиршудагон 4 нафари иғвогари задухӯрд муайян карда шуданд, ки нисбати онҳо тибқи моддаи 213-и Кодекси ҷиноии ФР (авбошӣ) парванда оғоз шуда, чораҳои маҳдудкунандаи будубош татбиқ мегардад.

Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо, баъди гирифтани баёнот ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Дар ин бобат, санаи 5 июн Консули генералӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо директори генералии ширкати сохтмонии “Прайдекс” Назаров Максим ва роҳбарони бастаҳои корӣ, ки дар муноқишаи рӯзи 3 июн фаъолият доштанд, вохӯрӣ анҷом намуданд.

Зимни мулоқот бо роҳбарияти ширкат масъалаи беҳтар намудани шароити буду боши ҳамватанон баррасӣ гардид.

Ҳамчунин, бо ҳамватанон дар атрофи риояи қонунҳои кишвари иқомат, бақайдгирии ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии онҳо ва худдорӣ намудан аз муноқишаҳо миёни қавму миллатҳо суҳбат ороста шуд.

Роҳбарияти ширкат иброз доштанд, ки муҳоҷирони тоҷик, ки аз рӯи маводи парвандаи ҷиноятӣ ҷониби ҷабрдида эътироф шудаанд, аз кор озод карда намешаванд.

Тасмим гирифта шуд, ки барои роҳ надодан ба муноқишаҳои навбатӣ гурӯҳи иловагии муҳофизон дар майдони сохтмон ва хобгоҳҳо сафарбар карда мешаванд.

07.06.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ