Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 31 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода ҳозиринро бо Рўзи Истиқлоли кишвар табрик ва муборакбод намуда, қайд карданд, ки 31 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии тоҷикон гузошта шуда, мо аз шарофати ин неъмати беназир соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем, ки имрӯз мояи ифтихору сарфарозии мост.
Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар сохтмону таҳкими минбаъдаи давлати миллӣ, истиқлоли давлатӣ, ташкилу рушди минбаъдаи қувваҳои мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ ва ниҳодҳои идораи давлат, ҳамзамон дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, рушди ҳунармандӣ ва таълими калонсолон натиҷаҳои хуб ба бор омад. Заминаҳои меъёрии ҳуқуқи ин соҳаҳо такмил ёфта, дар ин муддат муносибатҳои меҳнатӣ зина ба зина такмил ёфта, рушди босуботи ниҳодҳои шарикии иҷтимоӣ таъмин гардид.
Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 4 миллиону 800 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ёфта, беш аз 850 ҳазор нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд. Бо чунин маром, дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми фаъолияти мақомоти меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбиву ҳунармандӣ ташкил ва заминаҳои моддию техникӣ ва неруи кадрии он такмил ёфта, татбиқи босамари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самтҳо таъмин гардид.
Дар чорабинии идона роҳбари Дастгоҳи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - Холов А.У. ва раиси ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Файзуллозода З. иштирок намуда, барои ҳамкориҳои судманд бо “Сипоснома” - и вазорат қадрдонӣ карда шудаанд.
Ҳамзамон, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои он барои дастовардҳои хуби корӣ дар рушди соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо “Ифтихорнома”, “Раҳматнома” ва “Сипоснома” – и Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин, барномаи фарҳангӣ аз ҷониби Ансамбли ҷумҳуриявии “Лаъл” пешкаши тамошобинон гардид. Чорабинии идона бо барномаи рангини фарҳангии Ансамбли ҷумҳуриявии “Лаъл” хотирмону дилнишин ба анҷом расид.