6 январи соли 2023 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023” таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора баргузор гардид.
Дар ҷаласа мудири шуъбаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин роҳбарони зинаҳои гуногуни сохторҳои вазорат иштирок доштанд.
Нахуст маърӯзаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер доир ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2022 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар соли 2022 ҷиҳати танзими муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, равандҳои муҳоҷират, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ аз ҷониби сохторҳои вазорат тибқи стратегияҳо, нақша ва барномаҳои амалкунанда як қатор корҳо анҷом дода шуданд.
Аз ҷониби маърӯзакунанда мушкилот дар самтҳои фаъолияти вазорат ва роҳҳои ҳалли онҳо зикр шуда, дар муҳокимаи масъала сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат, аз ҷумла дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуда, ба пурсишҳои раиси маҷлис посух доданд.
Мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ бо такя ба дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд намуд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муваззаф мегардад, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул, Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, таъсиси ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ ба шуғл, саросар соҳибкасб намудани шаҳрвандони аз 18 сола боло чораҳои амалӣ андешанд.
Дар фарҷом, аз ҷониби вазир Ҳасанзода Гулнора бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақшаҳо дар соли 2023 ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуда, вазифаҳо барои соли 2023 муайян гардида, қарори дахлдор доир ба масъалаи баррасишуда қабул карда шуд.