Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар, тағйирнопазир будани шакли идории ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моликияти демокративу ҳуқуқӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст.” Илова бар ин, Пешвои муаззами миллат ибрози назар намуданд, ки “Эътирофи соҳибихтиёрии давлати тоҷикон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумла, арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёрию истиқлол барои миллат имкони интихоби озодона, роҳи пешрафти истиқлолро фароҳам овард, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ намуд”. Ин санади тақдирсоз ҳуқуқи шаҳрвандонро ба зиндагӣ, меҳнат, ҳифзи саломатӣ, таҳсил, нафақа, истироҳату моликият таъйин намуда, ба фаъолияти озодонаи ҳизбҳои гуногуни сиёсиро кафолат медиҳад. Бинобар ин, халқи баномусу ватандӯсти миллатро водор месозад, ки санади таърихӣ ва муқаддасро эҳтиром намуда, барои риояи қонунҳои амалкунада ва адолати иҷтимоӣ кӯшиш намоянд.
Сарвари муаззами миллат дар рӯзи қабули Конститутсия ба ин маънӣ қайд карда буданд: “Имрӯз барои ман қадамҳои аввалин ба вазифаи Раиси ҷумҳур аст. Ин вазифа дар ин рӯзҳо барои ман ҳам мушкил аст, лекин бовар дорам, ки бо дастгирии халқи Тоҷикистон аз ин рӯзҳои сахт ҳам мебароем. То он замоне, ки ҳастам, барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам». Ин суханҳо ҳар яки моро водор месозад, ки мо шаҳрвандони мамлакат Конститутсия Бахтномаи миллатро, ки сарчашмаи тамоми қонунҳо аст, риоя намоем ва онро пос дорем.
Маврид ба зикр аст, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки танҳо дар асоси Конститутсия мо метавонем барои ҳифзи истиқлолу ваҳдат, бурун овардани ҷомеа аз оташи ҷанги таҳмилию шахрвандӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, таъмини амнияти миллӣ, барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, баргардонидани гурезагон ба ватан, мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодию фарҳангӣ, инчунин барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ шароити мусоиди ҳуқуқиро таъмин намоем.
Дар муқарарроти Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст:
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули давлати тоҷикон буда, панҷ давраро дар бар мегирад. Якум соли 1929, дуюм, соли 1931, сеюм, соли 1937, чорум, соли 1978, панҷум 6-уми ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро доир ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуданд».
Конститутсияи мазкур дорои 10 бобу 100 модда иборат буда, ба он 3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин санади муҳим ва сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги истиқлоли миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи руйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳаммияти он бо гузашти замон бештар мегардад».
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини кишвари азизамон пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон, ки ин ҳама маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату кӯшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Бахтнома ва Қонуни Асосии кишвар пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ғоявию маънавии давлат ва роҳи интихобкардаи моро муайяну мушаххас намуда, сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоятгари манфиатҳои ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки ҳамасола Рӯзи Конститутсияро мардуми шарифи Тоҷикистон бо фараҳу шодӣ ва дастовардҳои шоён пешвоз мегиранд. Конститутсия нисбат ба дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ рушди низоми бонкии кишвар ҳамчун омили муҳими ба афзоиши рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидаткунанда мунтазам таҳким ёфта, дастовардҳо дар самти татбиқи сиёсати пайгиронаи макроиқтисодӣ, суботи молиявӣ, таҳкими низомҳои пулию пардохтӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои муассири бонкӣ, афзоиши ҷалби пасандоз ва маблағгузориҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар таъмин гардид.
Ҳамзамон, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари эътироф ва ҳимояи моликияти ҳар як шахс, инчунин, истифодаи самараноки моликияти истисноии давлатро кафолат додааст. Яъне дар муқаррароти моддаи 13-и Конститутсия замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳаво, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Аз мазмуни ин меъёр бар меояд, ки ҳар кас метавонад, дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи моликияти истисноии давлатӣ ба навъҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ машғул шавад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарватҳои табиии хеле зиёд ҳастанд, ки метавонад истифодаи самараноки онҳо барои истеҳсолот ба таври васеъ истифода бурда шавад, ки дар умум маҳаки асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Дар асоси санади таърихӣ дар фазои сиёсии мамлакат парлумони дупалатагӣ таъсис дода шудааст, ки дар таҳкими қонунгузории кишвар нақши муҳим мебозад. Лозим ба ёдоварист, ки Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи 10 конститусияи беҳтарини кишварҳои ҷаҳон эътироф гардидааст.
Бо эътимод метавон гуфт, ки 30 -умин солгарди Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни ормонҳои миллӣ ва густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, хисси ватандустӣ ва меҳанпарастӣ ва ба ҳар як фарди бонангу номуси ватанадор неруи тоза мебахшад.
Дар воқеъ Конститутсия ҳамчун санади таърихию сиёсӣ ҳуҷҷати муҳимму арзишманди давлати соҳибистиқлолу шарафманди мо ҳамчун қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои инсонӣ, дорои таърихи пурғановат, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноил гардидан ба ормонҳои чандинасраи ниёгонамон мебошад
Суфизода Хадича Боймурод- сардори
шуъбаи ташкилӣ ва матбуоти раёсати
котиботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон