img
Мукофот муборак!

Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз ва сардори Хадамоти муҳоҷират - Каримзода Тоҳир бо ордени Шараф дараҷаи II ва директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ - Баротзода Бобохон Хол бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ба ин хотир, дар толори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои он маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонии хизматҳои кормандони вазорат изҳори миннатдорӣ намуда, аз номи роҳбарият ва кормандон нафарони бо мукофотҳо сарфарозгардидаро табрику муборакбод намуд.

25.08.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ