Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ санаи 8 августи соли 2023 ташрифи ҳайат таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба ширкати логистикии ҶДММ “ПЭК” сурат гирифт.
Гурӯҳҳои кории мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни онҳо аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шудааст.
Дар ин асос, 5 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Навосибирск сафарбар карда шудаанд.
Дар қисмати аввали ташриф ба ширкати логистикии “ПЭК”, мулоқот бо роҳбарияти ширкати мазкур баргузор гардида, масъалаи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ба иттилои роҳбарияти ширкати логистикии ПЭК, ин яке аз калонтарин ширкатҳои боркашонии Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, соли 2001 таъсис дода шудааст ва зиёда аз 300 филиалҳоро дар Федератсияи Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркия ва Чин дар бар мегирад.
Дар корхонаҳои ширкати мазкур, ки дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, зиёда аз 1500 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор ҷалб гардидаанд.
Бояд қайд, ки хароҷотҳои вобаста ба парвоз аз Тоҷикистон то Россия (то 50%), ҳуҷҷатгузории патент, андоз аз даромад, ҷойи хоб ва таъмини либоси махсуси кориро корфармо ба ӯҳдаи худ мегирад.
Баъд аз қисмати расмии вохӯрӣ, боздиди ҳайат аз ҷойи кори муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандонамон ва вазъи будубоши онҳо дидан намуданд.
Бояд қайд кард, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ дар қаламрави Федератсияи Россия идома дошта, силсилавохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст.