img
БАРРАСИИ РАФТИ ИҶРОИ СОЗИШНОМАИ ГЕНЕРАЛӢ ДАР ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ СЕТАРАФАИ ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ МЕҲНАТӢ

БАРРАСИИ РАФТИ ИҶРОИ СОЗИШНОМАИ ГЕНЕРАЛӢ ДАР ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ СЕТАРАФАИ ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ МЕҲНАТӢ

 

https://www.facebook.com/share/p/1BegSb6cs8/ 

 

24 июли соли 2026  дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони иҷтимоӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаи «Рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2026 дар нимсолаи якуми соли 2026» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Зимни ифтитоҳи ҷаласа таъкид гардид, ки Созишномаи генералӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №591 маъқул дониста шуда, 4 марти соли 2024 аз ҷониби тарафҳо ба имзо расидааст. Ҳамчунин, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи мазкур 13 майи соли 2024 тасдиқ гардида, ҳамчун санади муҳими танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва таҳкими ҳамкории давлат, корфармоён ва иттифоқҳои касаба мавриди амал қарор дорад.

 

Нахуст тибқи рӯзнома доир ба натиҷаҳои татбиқи нақшаи чорабиниҳои созишномаи мазкур дар нимсолаи якуми соли 2026 гузориш вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа оид ба иҷрои уҳдадориҳои пешбинишудаи тарафҳо, тадбирҳои амалигардида дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии шаҳрвандон, рушди шуғли аҳолӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат ва густариши ҳамкории иҷтимоӣ шунида шуд.

 

Инчунин, аз ҷониби шарикони иҷтимоӣ – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Чиллазода Қарахон ва раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Айёмбек гузоришҳо оид ба саҳми сохторҳои намояндагии кормандон ва корфармоён дар татбиқи Созишномаи генералӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва таҳкими муколамаи иҷтимоӣ пешниҳод гардиданд.

 

Дар муҳокимаи масъала иштирокчиён ба масъалаҳои сари вақт пардохт гардидани музди меҳнат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандон, такмили мазмуну муҳтавои шартномаҳои коллективӣ, иҷрои уҳдадориҳои пешбинишуда аз ҷониби вазорату идораҳо ва тақвияти ҳамкории байни шарикони иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

 

Аз рӯи натиҷаи баррасӣ ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои пурраи уҳдадориҳои Созишномаи генералӣ, пешниҳоди мунтазами маълумот оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо, пешгирии қарздории музди меҳнат, беҳтар намудани шароити меҳнат ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоию меҳнатии шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, Комиссия қарори дахлдор қабул намуд.

 

Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки иҷрои босифати Созишномаи генералӣ ва тақвияти ҳамкории сеҷонибаи давлат, иттифоқҳои касаба ва корфармоён барои таъмини суботи иҷтимоӣ, рушди муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон аҳаммияти муҳим дошта, иҷрои қарорҳои қабулгардида таҳти назорати доимӣ қарор хоҳад гирифт.

24.07.2026

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ