Дар доираи баргузории ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод, ки рӯзи 27 сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти мамлакат баргузор гардид, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода намояндагони ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун”- ро ба ҳузур пазируфт.
Ширин Амонзода талаботи пудратчиёни ҶСК “НБО Роғун” ба мутахассисон, ҷалб намудани корҷӯён ва ҳавасмандкунии кормандонро зимни мулоқот бо намояндагони корфармо баррасӣ карда, барои омода намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои мавриди талабот дар НБО Роғун ба масъулини соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон супоришҳои мушаххас доданд. Доир ба зарурати бознигарии механизми ҷалби кормандон дар баробари баргузории ярмаркаҳо ҷиҳати ба таври муташаккилона ҷалб намудани корҷӯён дар ҳамкорӣ бо кордиҳанда ибрози назар карда шуд.
Намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ доир ба шароитҳои кор, ҳавасмандкунӣ ва истифодаи роҳҳои дигари ҷалби кормандон пешниҳодҳо манзур намуданд.
Бо назардошти баррасии масъала роҳандозии ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ дар якҷоягӣ бо корфармоён ба нақша гирифта шуд.