img
Боздиди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода»

24 феврали соли равон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ализода А. низ шомил аст, ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи соҳаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа шинос шуд.

Аз ҷумла, зимни сафар ҳайати корӣ аз Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода дидан карда, ба шароити он аз наздик шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ қайд гардид, ки литсей аз рӯйи 11 ихтисос, аз ҷумла “Харрот”, “Кафшергари барқию газӣ”, “Мошиначии кранҳои истеҳсолоти металлургӣ”, “Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ”, “Кафшергари газӣ”, "Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил бо иловаи ронандаи автомобил дараҷаи «С»”, “Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил”, “Тракторчи мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ”, "Челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмњои техникӣ санитарӣ”, "Системаи компютерӣ ва интернет-технология» ва “Ҳисобдор (бо донистани компютер)” дар заминаи синфи 9 - 11 мутахассис тайёр менамояд.

Инчунин, дар муассисаи мазкур курсҳои кӯтоҳмуддати 1-3 моҳа ба роҳ монда шудааст, ки дар давоми соли 2021 курсҳои мазкурро 175 нафар хатм намуданд.

Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ ва муосир соли 2021 дар назди муассиса Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир таъсис дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони шаҳр занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва муосир ҷалб мегарданд, то имрӯз 30 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб шуданд.

Айни замон, дар Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода 490 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз ин 35 нафар духтар, 5 нафар ятими кулл, 37 нафар нимятим ва 4 нафар маъюб мебошанд. Дар литсей 22 нафар омӯзгорон ва 23 нафар устоҳои таълими истеҳсолӣ ба хонандагон дарсҳои амаливу назариявӣ медиҳанд.

Литсей дорои устохонаҳои кафшергарӣ, харротӣ, монтёри барқӣ, челонгари таъмири муҳаррики автомобил, челонгар – сантехник ва тракторчӣ мебошад.

Баъд аз шиносоӣ бо вазъи литсей аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии муассиса бо дастгоҳҳои нави замонавӣ дастурҳо дода шуданд.

16.03.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ