Шоми рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ дар МД "Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе" чорабинии адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Истиқлоли миллӣ - кафили хушбахтии ҷомеа" ба ифтихори 31 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, муовинони вазир, ҳунармандон вп устодону шогирдони муассиса ширкат варзиданд.
Ширин Амонзода ва Муҳаммад Ғоиб зимни суханронӣ аз қаҳрамониҳо ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба истиқлоли воқеӣ, таъмини сулҳу субот ва таъмини зиндагии осоишта барои мардуми кишвар ёдовар шуданд.
Ширин Амонзода қайд намуд, ки соҳибкасб намудани аҳолии мамлакат, бахусус насли ҷавони кишвар аз таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат буда, яке аз василаҳои кафолати таъмини шуғли пурмаҳсул мебошад.
Зикр гардид, ки ҳамасола барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ маблағгузории буҷетӣ зиёд гардида, лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар ин самт татбиқ мегарданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ равона гардидаанд.
Шоири ватансаро Муҳаммад Ғоиб маҷмуаҳои ашъори худро ба китобхонаи муассиса тақдим намуда, барои ҳозирин аз эҷодиёти худ шеърҳо қироат намуд, ки дар васфи фидокориҳои Сарвари давлат, даъвати ҷавонон ба ватандустӣ дар амал ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол мебошанд.
Намоиши либосҳои миллии дастранҷи хонандагони муассиса, китобҳои Пешвои муаззами миллат ва акси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хос бахшид.
Чорабиниро дастаи ҳунарии кӯдаконаи "Лаъл", хонандагони муассиса ва санъаткорони касбӣ бо рақс ва сурудҳо дар васфи ватан ва арзишҳои миллӣ боз ҳам рангину хотирмон намуданд.