img
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ташаккулёбӣ ва рушди низоми шуғли пурмаҳсул дар иқтисодиёти Тоҷикистон” 

Имрӯз, 15 ноябри соли 2023, дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистони дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зери роҳбарии муовини вазир – Қиёмиддин Давлатзода конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Ташаккулёбӣ ва рушди низоми шуғли пурмаҳсул дар иқтисодиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

 

Дар кори ҳамоиши илмӣ - амалӣ дар баробари кормандони дастгоҳи марказию сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони вазорату идораҳо, олимони институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устодони донишгоҳҳои иқтисодии кишвар, роҳбарияти намояндагии Хазинаи нуфуси  Созмони Милали Муттаҳид,   Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва Созмони байналмилалии муҳоҷират  дар Тоҷикистон, фаъолона ширкат варзиданд.

 

Ширкатдорони конфронс дар доираи ду сессияи тематикӣ: 1. “Таъсири вазъи демографӣ ба ташаккул ва тағйирёбии шуғли пурмаҳсул дар иқтисодиёти Тоҷикистон”; 2. Ҷой ва нақши меъёрбандӣ ва музди меҳнат, шароит ва ҳифзи меҳнат, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон дар таъмини шуғли пурмаҳсул, фикру андешаи худро баён намуда, авомили асосии ташаккулёбии шуғли пурмаҳсул дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ, роҳҳои самарабахши ташаккулдиҳии шуғли пурмаҳсул ва нақши кадрҳои баландихтисос дар ривоҷбахшии ин намуди шуғл, мавриди таҳлил ва арзёбии амиқу ҳаматарафа қарор доданд.

 

  • Дар раванди муҳокимаи ҷанбаҳои мухталифи мавзӯи ҳамоиш, махсусан роҷеъ ба масоили мубрами зайли соҳа  баҳсу мунозира ва мубодилаи афкори созандаи илмӣ сурат гирифт:
  •  таъсири тамоилҳои демографӣ ба шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон;  
  • роҳу усулҳои такмилдиҳии механизми таъмин намудани шуғли пурмаҳсул бо назардошти  захираҳои инсонӣ;
  • хусусиятҳои ташаккулёбии шуғли пурмаҳсул дар шароити рақамикунонии бозори меҳнат;
  • нақши фаъолияти мақомоти шуғли аҳолӣ дар раванди рушди шуғли пурмаҳсул;
  • таъмини шуғли пурмаҳсул дар иқтисоди Тоҷикистон дар шароити инноватсия;
  • мушкилоти ташаккулёбии шуғли пурмаҳсули аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ; ва ғ.  

Дар заминаи таклифу пешниҳодоти ширкатдорон, ҳамоиши илмӣ-амалӣ ҷиҳати боз ҳам самараноктар гардонидани раванди ташаккулёбӣ ва устуворгардонии рушди низоми шуғли пурмаҳсул Тавсияҳои илман асоснок пешниҳод гардонид.

 

                                         Муассисаи давлатии

                                                       «Пажӯҳишгоҳи меҳнат,

                                                              муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»

15.11.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ