img
ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХОЛМАҲМАДЗОДА СОЛЕҲА БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

     Муҳтарам кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар!


     Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  ҳамасола 25-уми январ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад.


     Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакатро ба иди касбӣ самимона табрику таҳният гуфта, бароятон солимии комил, зиндагии осуда, саодатмандӣ ва дар татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.


     Мусаллам аст, ки имрӯз ба зиммаи вазорат масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат вогузор гардида, татбиқи онҳо аз ҷумлаи омилҳои асосии таъсиррасон ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошанд. Аз ин рӯ, соҳаи мазкур пайваста зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.


     Ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба масъалаи самтҳои фаъолияти вазорат аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзии аҳолӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ чораҳои амалӣ роҳандозӣ мегарданд. 


     Дар ин росто, роҳандозии тадбирҳои мушаххас вобаста ба соҳибкасб намудани аҳолӣ дар заминаи марказҳои касбомӯзию забономӯзӣ, ба кори доимию пурмаҳсул ҷалб намудани аҳолӣ, тақвияти муносибатҳои меҳнатӣ байни корфармо ва корманд, рушди ҳунармандӣ ва эҳёи ҳунарҳои халқии аз байнрафта ҳамчун самти асосии фаъолият муайян ва мушаххас гардидаанд.


     Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои дахлдорро ба тасвиб расонидааст, ки воқеан ҳамчун роҳнамо ба кулли кормандон хидмат мекунанд. 


     Аз ҷумла дар Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040 самтҳои фаъолият ба таври мушаххас оварда шуда, татбиқи амалии онҳо тавассути Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул барои солҳои 2023 – 2027 сурат гирифта истодааст, ки саҳми ҳар як корманди соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба таври назаррас мушоҳида мешавад. 


     Илова ба ин, соли 2024 Барномаи ҳамкориҳои шарикони иҷтимоӣ ва Созмони байналмилалии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда ба итмом расида, таҳияи барномаи нав барои солҳои 2025-2026 шуруъ гардид. Татбиқи барномаи мазкур барои тақвияти назорати таъмини шароити меҳнати кормандон ва риояи ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандон дар муносибатҳои меҳнатӣ, тавсеаи мушоракати иҷтимоӣ ва ба ин васила таъмини суботи иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад. 


     Соли 2024 ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳа ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқию ташкилӣ ва танзими фаъолияти соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз ҷониби раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат зиёда аз 30 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз ин ҳисоб 12 санад қабул гардид.


     Мусоидат ба таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ ва бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани шаҳрвандон пайваста дар маркази таваҷҷуҳи масъулини вазорат қарор гирифта, соли 2024 шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ зиёда аз 247 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис доданд.


     Соли 2024 дар доираи татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” ба истифода додани марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд, марказҳои рушди малакаҳо дар шаҳрҳои Роғун ва ноҳияи Данғара ба истифода дода дода шуда, дар соли 2025 бо ба истифодадиҳии маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Душанбе ва маркази касбомӯзию хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба нақша гирифта шудааст.


     Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгирои иқтисодӣ” масъалаи рақамикунонии хизматрасониҳои соҳаҳои вазорат, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ба нақша гирифта шуда, лоиҳаи барномаи “Системаи иттилоотии бозори меҳнат” таҳия гардида истодааст.


     Ҳамзамон, гуногунсамтии муҳоҷирати аҳолӣ, омодагии ҳамаҷонибаи пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар хориҷи кишвар мунтазам бояд зери назорати доимӣ қарор дода шавад.


     Дар баробари ин, тақвияти малакаи маҳаллӣ бояд дар навбати аввал роҳандозӣ гардад, зеро кор бо шаҳрвандон маҳз дар сатҳи маҳал сурат гирифта, ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ аз он вобаста мебошад.


     Дар фарҷом бори дигар аз ҳамаи Шумо кормандони соҳа даъват ба амал меорам, ки  бо дарки масъулияти баланди хизматчии давлатӣ ва корманди мақомоти давлатӣ, ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ, дастгирии сиёсати оқилонаю хирмадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои стратегиии давлату ҳукумат якҷо ба дасту дилу нияти пок ва меҳнати софдилоаю содиқона ба Ватан камари ҳиммат бандем, барои ободонӣ ва шукуфон гардонидани ватани азизамон саҳмгузор бошем.

     Иди касбии кормандони соҳа муборак бод!

25.01.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ