img
Мукофоти давлатӣ муборак

Имрӯз, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба супоридани мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуфатоҳзода Гулҷаҳон Абдуфатоҳ иштирок намуда, ФАРМОНИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидани Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ - сардори Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат карда, супориданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – Ширин Амонзода миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат ҷиҳати қадрдонии кормандони вазорат, ки дар маҷмуъ фаъолияти вазорат ва сохторҳои онро дар бар мегиранд баён намуданд.

Ҳамзамон, Азизов А.А. - сармутахассиси раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, Ҷалилова Н.Э. сармутахассиси шуъбаи банақшагирӣ ва иҷрои буҷети раёсати молия, таҳлил ва дурнамо, Бобоҷонов Р.М. – ходими пешбари илмии шуъбаи “Омӯзиши касбӣ ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ” – и МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, Файзализода Э.Ҷ. – мудири “Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир” дар ноҳияи Ёвон барои фаъолияти тулонӣ ва гузоштани саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо нишони сарисинагии “Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷом Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин ва тамоми кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 31 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои фаъолияти пурсамар ва содиқона ба Ватани азизамон роҳнамоӣ намуданд.

07.09.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ