img
Таваҷҷуҳ!

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолият менамоянд мерасонад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд.

Тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи эълони қисман сафарбаркунӣ дар Федератсияи Россия»  аз 21 сентябри соли 2022, №647 фармони мазкур танҳо барои шаҳрвандони Федератсияи Россия амал мекунад ва ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад. 

Бояд қайд кард, ки кирдори мазкур мутобиқи моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист солро пешбинӣ менамояд.

Иқтибос аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

“Моддаи 4011. Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо

Ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.” 

Барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишвари мо метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Краснодар, Уфа ва Екатеринбурги муроҷиат намоянд.

 

Телефон барои маълумот:

Ҳавзаи федералии марказӣ (Москва)

+7(495)967-98-44

+7(967)271-02-02

+7(965)724-90-21

+7(910)443-63-35

Ҳавзаи федералии ҷануб (Краснодар)

+7(901)344-77-77

Ҳавзаи федералии шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург)

+7(964)373-75-01

Ҳавзаи федералии Приволжий (Уфа)

+7(966)031-22-22

Ҳавзаи федералии Урал (Екатеринбург)

+7(982)739-89-98

24.09.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ