img
ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ БИНОҲОИ МУАССИСА БА НАҚША ГИРИФТА ШУДААСТ

Имрӯз, 16 июли соли равон дар доираи ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №52 гурӯҳи корӣ дар ҳайати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода, ки тибқи амри болозикр сарпарасти МДТ “Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод” мебошанд, аз муассиса боздид намуданд.

Ҳайати мазкурро директори КВД ҷумҳурявии “Тоҷикагролизинг” Юсуф Акрамзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ализода А. ва дигар масъулин ҳамроҳӣ карданд.

Муассисаи мазкур аз рӯйи 7 ихтисос шаҳрвандонро ба омӯзиш фаро мегирад. Бинои таълимии муассиса соли 1959 ва бинои хобгоҳи он соли 1985 сохта ба истифода дода шудаанд. Соли гузашта қисме аз биноҳо, аз ҷумла бинои таълимӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ аз рӯйи ихтисосҳои омӯхташаванда муҷаҳҳаз гардонида шуданд ва дорои системаи алоҳидаи гармидиҳӣ мебошад.

Айни замон таъмиру азнавсозии дигар биноҳои муассисаҳо ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби вазир бознигарии харҷномаи он ва ҷиҳати пешниҳод барои дастгирӣ ба шарикони рушд тавассути ворид намудан ба лоиҳаи дархости буҷетӣ ба масъулин дастур дода шуд.

Зимни боздид аз муассиса директори КВД ҷумҳурявии “Тоҷикагролизинг” Акрамзода Ю. омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар ташкили таҷрибаомӯзии хонандагон, фароҳам овардани шароит барои машғулиятҳои амалӣ ва таълими истеҳсолӣ иброз намуд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ дар идомаи сафар ба ноҳияи Файзобод аз филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳия, ки дар шаҳраки Мискинобод ҷойгир аст, боздид намуданд. Филиали мазкур фаъолияро дар ҳудуди ноҳия, аз ҷумла тавассути ташкили курсҳои сайёр дар дигар ҷамоатҳо ба роҳ монда, тибқи талаботи бозори меҳнати ноҳия хоҳишмандонро ба курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб менамояд.

Аснои боздид аз синфхонаҳо ба таҷҳизоти ва маводи таълимӣ, китобҳои дарсии тахассусӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизоти муосир, бахусус барои синфхонаҳои қаннодӣ ва компютерӣ ба роҳбарияти МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дастур дода шуд.

20.07.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ