Масъали гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ дар мадди назари доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қарор дорад ва мунтазам бозори меҳнати давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, шарту шароити будубош ва қонунгузории ин давлатҳо омӯхта мешавад.
Ҷумҳурии Корея яке аз давлатҳои мазкур буда, ҳанӯз моҳи апрели соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Форуми ҷаҳонии об ба Корея сафар карда, ба таҳкими ҳамкориҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд, ки ин ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар бахшҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла, муҳоҷирати меҳнатӣ такони нав бахшид.
Дар ин замина, доираи муносибатҳо рушд ёфта, баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея ва ниёзҳои бозори меҳнати Корея ба мутахассисон дар мулоқотҳои чандинкаратаи роҳбарияти вазорат бо ҷониби Ҷумҳурии Корея баррасӣ шуданд.
Айни замон намояндагони Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея бо мақсади омӯзиши имконият ва инфрасохтори лозимаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодасозӣ ва сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо Корея дар асоси системаи иҷозати кор (EPS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Рӯзи 17 майи соли равон вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати намояндагони Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея мулоқот намуда, имконият ва инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатиро бараси намуданд. Ҷонибҳо доир ба воридшавӣ ба низоми EPS ва ҷудо намудани квотаҳои солона ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди бараси қарор доданд.
Ҳайати мазкур тибқи барнома аз муассисаҳои давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, “Марказҳои машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, Литсейҳои касбии техникӣ дар шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.