Санаи 8 августи соли 2023 мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо муовини вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Россия Мухтиярова Елена Вячеславовна баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин Намояндагии Вазорат, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва аз ҷониби Федератсияи Россия намояндагони Хадамоти Федералии муҳоҷират ва шуғл ва Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Яке аз масъалаҳои асосии зимни мулоқот муҳокимагардида, ин иҷроиши тавофуқҳое, ки дар чаҳорчӯби мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Сарвазири Федератсияи Россия М.Ш. Хуснуллин ва Сарвазири Чумхурии Точикистон Қоҳир Расулзода (дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ) матраҳ гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
- рафти иҷрои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия;
- омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, ташкил ва такмили таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба талаботи бозори меҳнати Россия ҷавобгӯ ва эҳтимоли омӯзиши касбии онҳо аз ҷониби корфармоёни Федератсияи Россия.
Бояд қайд кард, ки аз соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мавриди амал қарор дорад. Дар баробари ин, «Харитаи роҳ» ба имзо расидааст, ки дар он тадбирҳои мушаххас оид ба татбиқи Созишномаи мазкур пешбинӣ шудаанд.
Ба фаъолият шуруъ кардани намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани муоинаи тиббӣ, гирифтани изи ангушт ва супоридани имтиҳон оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кор дар корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва сохтмонӣ дар Федератсияи Россия шароит фароҳам меорад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.