img
Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардида, мавриди истифода қарор дода шуд

Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия гардидааст, бо Фармоиши вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2022, №51 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2022, №1188 ба қайд гирифта шудааст.

 

Таснифоти мазкур тибқи талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат” таҳия гардида, гурӯҳбандии машғулиятҳо ва касбҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбударо вобаста ба сатҳ ва рамзгузории байналмилалӣ таъмин менамояд.

 

Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгўйи машғулиятҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашавандаро инъикос намуда, онҳоро аз рӯйи сатҳ ва ихтисосмандӣ мутобиқи намудҳои корҳои иҷрошаванда тасниф менамояд.

 

Инчунин, барои гузаронидани таҳқиқотҳои оморӣ ҷиҳати тақсимоти аҳолӣ аз рӯи машғулиятҳо, баҳисобгирии оморӣ бо мақсади таҳияи сиёсати самараноки шуғл, таҳқиқотҳои таҳлилӣ ва муқоисавӣ истифода мешавад.

 

Санади мазкур ба Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо-2008 (International Standard Classification of Occupations - 2008) бо роҳи ворид намудани саҳеҳиятҳое, ки инъикоскунандаи хусусияти иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд, бе тағйир додани (нигоҳдории) рамзҳо ва ҳудуди мафҳумҳои ин стандарти байналмилалӣ ҳамоҳанг карда шудааст.

 

Яке аз қисмҳои асосии таркибии низоми миллии тахассусҳо ба ҳисоб рафта, дар заминаи он маълумотномаи ягонаи тарифӣ - тахассусии корҳо ва касбҳои коргарӣ ва намудҳои дигари маълумотномаи касбҳои гуногун дар алоқамандӣ бо гурӯҳҳои машғулиятҳо ва дараҷаҳои тахассусӣ таҳия карда мешаванд. Ҳар як гурӯҳи таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ном ва рамзи таснифотӣ мебошад, ки дар таҳияи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб истифода мешаванд.

 

Инчунин, дар асоси стандартҳои салоҳияти ҳар як касб ва бо назардошти талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбӣ, барномаҳои таълимӣ барои тайёр намудани мутахассисон ва воситаҳои баҳодиҳӣ таҳия мегарданд.

 

Таснифоти машғулиятҳо ҳамчун воситаи калидии таъмини тавозуни талабот ва пешниҳодоти тахассус ва боло бурдани сифат ва шаффофияти тахассусҳо татбиқ мегардад.

 

Дар санади мазкур механизми тасниф ва мавқеъгузории тахассусҳо аз рӯи сатҳ мутобиқи маҷмуи меъёрҳо, ки талабот барои иҷрои функсияҳои меҳнатиро тавсиф менамояд, муайян шудааст.

 

Истифода ва риояи Таснифоти мазкур барои ҳама ташкилоту муассисаҳо ҳангоми танзими муносибатҳои меҳнатӣ, таҳияи ҷадвали воҳидҳои корӣ, дурусту дақиқ муайян намудани намудҳои шуғл ва корҳо, вазифаҳои иҷрошавандаи онҳо, меъёрбандӣ ва ташкили шароити меҳнат зарур аст.

 

Матни Таснифоти мазкур бо забонҳои давлатӣ ва русӣ барои истифода дар сомонаи вазорат: https://mehnat.tj/tg/legalacts  дастрас аст.

01.10.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ