img
ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “АЗ КАМБИЗОАТӢ БА ТАРАҚҚИЁТ”

Рӯзҳои 17 - 18 сентябри соли 2025 дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Аз камбизоатӣ ба тараққиёт” бо иштироки намояндагони зиёда аз 30 ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ва 200 коршиноси байналмилалӣ баргузор гардида, ба кори он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳусни оғоз бахшид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Форум вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода намояндагӣ кард.

Дар форум Холмаҳмадзода Солеҳа дар мавзуи “Маҳорат ҳамчун омили рушди устувор: Таҷрибаи Тоҷикистон дар омӯзиши бозори меҳнат” маъруза карда, зикр намуд, ки мавзуи форум — «Аз камбизоатӣ ба тараққиёт» — яке аз масъалаҳои калидӣ мебошад, ки на танҳо дар назди давлатҳои мо, балки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Мубориза бо камбизоатӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоӣ буда, шарти муҳими таъмини субот, адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз мо имконият дорем, ки таҷрибаҳои муваффақро мубодила намоем, роҳҳои ҳалли мушкилоти шуғл ва камбизоатиро баррасӣ кунем ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранокро муҳокима кунем.

Қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала ҷои муҳим ва стратегиро ишғол мекунад. Давлат ба рушди шуғли босамар ва тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос ҳамчун самти асосии мубориза бо камбизоатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Солҳои охир дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд.

Ба ин масъала Президенти муҳтарами мо, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хос дошта, ҳамеша таъкид менамоянд: «Оянда ба касоне тааллуқ дорад, ки имрӯз меомӯзанд».

Тули даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳову стратегияҳои давлатӣ амалӣ гардида, шаҳрвандони мо дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар ду соли охир бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд шаш маркази муосири касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо кушода шуд, ки хоҳишмандон метавонанд аз рӯйи 20 номгӯй касбу ихтисосҳои гуногун ба таълим фаро гирифта шуда, соҳиби сертификати намунаи байналмилалӣ шаванд. Инчунин, дар низоми таълими калонсолон механизми тасдиқи салоҳияти калонсолон ҷорӣ карда шудааст ва ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки малакаҳои касбии худро тасдиқ карда, соҳиби сертификати давлатӣ гарданд. Ин восита махсусан дар шароити ҳаракати баланди қувваи корӣ муҳим аст ва рақобатпазирии шаҳрвандонро ҳам дар бозори меҳнати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ тақвият медиҳад.

Холмаҳмадзода Солеҳа зимни суханронӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон бахусус занону ҷавононро махсус қайд намуд.

Ҳамчунин, дар ҳошияи Форуми мазкур вазири меҳат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо вазири шуғл ва коҳиши камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зоҳидов Ботир мулоқот намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ ва шуғлро баррасӣ намуда, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобила дар самти рақамикунонии хизматрасонӣ байни сохторҳои дахлдори вазоратҳои ҳар ду ҷониб дар доираи санадҳои имзошуда ибрози омодагӣ карданд.

18.09.2025

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ