Имрӯз, 05 октябри соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он шоирони халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва Назри Яздонӣ ва кормандони дастгоҳи марказии вазорату сохторҳои он иштирок дошранд.
Муовини якуми вазир Раҳмонзода А.А. оид ба рушди забони давлатӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи забон маълумот дода, ҳозиринро баҳри поку беолоши нигоҳ доштани забон даъват намуд.
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳамаи соҳаҳои истифода мешавад ва омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст. Ҳамаи коргузорӣ ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар вазорат ва сохторҳои он бо забони давлатӣ баргузор мегарданд.
Забон рукни асосии миллат ва давлат аст, тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи забон иброз дошта буданд: «Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
Дар чорабинӣ шоирони халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва Назри Яздонӣ суханронӣ намуда, аз нақши забони тоҷикӣ дар зинда нигоҳ доштани таърихи миллат, баланд бардоштани номи тоҷикон ва мавқеи устувори он ёдовар шуда, аз ашъори худ шеърҳо қироат намуданд.
Ҳамзамон, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохтори он низ суханронӣ намуда, дар васфи забони тоҷикӣ ва Ватан шеърҳо хонданд