Имрӯз 16 январи соли 2024 мулоқоти муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар бо кордор, фиристодаи фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Гурҷистон дар Тоҷикистон Георгий Чхеидзе, ва мушовири калони намояндагии дипломатӣ Ираклий Кандалаки баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва масъалаи ҳамкорӣ дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва инчунин рақамикунонии фаъолияти сохторҳои марбутаи вазорат мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуданд.