21 июни соли 2022 таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаи Кумитаи ҷумҳуриявии мусоидат ба шуғли аҳолӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулру Ҷабборзода, инчунин намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони иҷтимоӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа се масъала: “Ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022", рафти иҷрои барномаи мазкур дар вилояти Хатлон ва нақшаи кори Кумита барои нимсолаи дуюми соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вобаста ба масъалаи якуми рўзнома гузориши муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор ва доир ба масъалаи дуюм ҳисоботи муовини раиси вилояти Хатлон - раиси Кумитаи вилоятии мусоидат ба шуғли аҳолӣ шунида шуд.
Зимни гузоришҳо иттилоъ дода шуд, ки дурнамои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар солҳои 2020-2022 дар сатҳи ҷумҳурияви 118,6 фоиз ва дар вилояти Хатлон 120 фоизро ташкил медиҳад.
Қайд гардид, ки новобаста ба таъмини иҷрои барзиёди дурнамои барнома ҳанӯз ҳам камбудиву мушкилот дар татбиқи барнома ҷой доранд.
Аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён М. аснои муҳокимаи масъала ва суханронии намояндагон аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдшта дар раванди амалишавии барнома дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ш. зимни суханронӣ Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолиро дар таъмини суботи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум муҳим арзёбӣ намуда, тақвияти фаъолияти сохторҳои вазоратро дар соли равон таъкид намуд.
Қайд гардид, ки айни замон таҳияи лоиҳаи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2025 шуруъ шуда, дар он афзалиятҳои муайяншудаи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040, ҳалафҳои пешбинишуда дар харитаи роҳи рушди фаъолияти вазорат то соли 2026, инчунин натиҷаҳои татбиқи барномаи мазкур ба инобат гирифта мешаванд.
Дар фарҷом аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён М. А. ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул дастуру супоришҳо дода шуда, вобаста ба масъалаҳои рўзнома қарорҳои дахлдори Кумита қабул гардиданд.