img
МУЛОҚОТ  БО САФИРОНИ НАВТАЪИН ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

7 уми июни соли 2023 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа сафирони навтаъини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Амриддинзода Салоҳиддин Киром, Конфедератсияи Швейтсария Шерализода Шараф Аҳмадҷон ва Ҷумҳурии Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибекро  ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода сафирони навтаъинро табрик гуфта, барояшон барору комёбӣ таманно намуд.

Зимни мулоқот вазъи кунунӣ, дурнамо ва самтҳои афзалиятноки соҳаи меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба бо кишварҳои Корея, Швейтсария ва Туркманистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Зимни суҳбат таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои марбут ба салоҳият дар рушди муносибатҳои дуҷониба таъкид гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои пайгирии ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷуда изҳор намуданд.

 

 

08.06.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ