Имрӯз, 26 майи соли равон шунавандагони курси “Аввалин мактаби сайёри ҷавондухтарони роҳбар” ки аз ҳисоби кормандони кумитаву вазоратҳо, макотиби олии ҷумҳурӣ тибқи нақшаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи моҳвораи ҷавонон дар Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Мақсади баргузор намудани курси мазкур дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат, ҷалб намудани занону духатарон ба чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ, ҷиҳати ба ҳаёти мустақилона омода намудану дар рӯҳияи ватандустиву меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, дар шуури онҳо бедор кардани фарҳанги оиладорӣ, риояи талаботи қонунҳои миллии амалкунандаи ҷумҳурӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва ташаккули малакаву маҳорати роҳбарӣ мебошад.
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер ва сардорони раёсату шуъбаҳо зимни ташрифи бевосита ва дафтарҳои корӣ ба шунавандагон доир ба фаъолияти вазорат ва сохторҳои он маълумоти муфассал доданд.
Ҳамчунин, ҳайати мазкур аз Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва МД Маркази таълими калонсолон дидан намуда, ба хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва шароитҳои касбомӯзӣ дар маркази мазкур шинос шуданд.
Баъди шиносоӣ бо вазорат ва сохторҳои он мулоқот бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот Амонзода Ширин қайд намуд, ки барои насли ҷавони имрӯз бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди малака ва такмили сатҳи касбияти онҳо ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Дар ин раванд масъалаи дастгириҳои занон дар меҳвари сиёсати созандаи Роҳбарияти олии кишвар қарор доранд. Нақши занон дар замони истиқлолият дар идораи давлатӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле арзишманд ва муассир мебошад.
Ҷавондухтарон ба самтҳои фаъолияти вазорат мароқ зоҳир намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.