Имрӯз, санаи 27 декабри соли 2022 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Нодирӣ бо сафири навтаъйини Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Григорев вохӯрӣ доир намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатманди намуда, Ш. Нодирӣ оид ба самтҳои фаъолияти вазорат, аз ҷумла муҳоҷират, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон маълумоти муфассал дод.
Мавсуф қайд кард, ки масъалаҳои асосии ҳамкории вазорат бо Федератсияи Россия тайёр кардани мутахассони ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохил ва хориҷи кишвар, омодасозии шаҳрвандон пеш аз сафар барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия, танзими раванди муҳоҷират ба шумор рафта, муносибат бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия, бахусус Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Хадамоти Федералии оид ба меҳнат ва шуғли Федератсияи Россия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҷонибҳо вобаста ба иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи 17 уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ибрози назар карданд.
Инчунин, муовини вазир оид ба заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муҳоҷират, натиҷаи чорабиниҳои дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузоргардида, ки барои ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта ва осон гардидани бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатгузории муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия азми сафар менамоянд, мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён дошта, дар ҳалли масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти вазорат бо назардошти манфиатҳои миллӣ умедворӣ намуданд.