img
САФАРИ ҲАЙАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

24 уми ноябри соли 2023 муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар вамуовини роҳбари Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Федератсияи Россия Василев Денис бо ҳайати ҳамроҳонаш ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафар намуданд.

 

Дар оғоз меҳмонон бо роҳбарият ва намояндагони вилояти Хатлон вохӯри анҷом доданд. Дар оғози мулоқот доир ба сафари расмии бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия ва ҳамкориҳои пайвастаи дуҷониб ёдоварӣ карда шуд.

 

Дар ҷараёни вохурӣ иштирокдорон доир ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶумҳурииТоҷикистон ба Федератсияи Россия ва бо кортаъминкушавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия, аз ҷумла тариқи сафарбаркунии муташаккилона мубодилаи афкор намуданд.

 

Ҳамзамон, масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Зимни вохурӣ оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.

 

Дар фарҷоми вохурӣ ҷонибҳо аз сатҳ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни ҶумҳурииТоҷикистон ва Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Ҳайати меҳмонон зимни сафар аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирони шаҳри Бохтар дидан намуданд.

24.11.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ