Имрӯз 7 уми марти соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа чорабиниро ифтитоҳ намуда, аҳли бонувони вазорат ва дар симои онҳо модарону занони кишварро, ки дар баробари масъулиятҳои оилавӣ, инчунин дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда дошта, дар таркиби захираҳои меҳнатии ҷумҳурӣ 2,65 млн. нафар ё 46,9 фоизро ташкил медиҳанд, табрику таҳният намуд.
Зимни суханронии муовини вазир Давлатзода Қиёмиддин доир ба мақом ва нақши зан дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қувваи созандаву офарандаи занону ҷавондухтарони тоҷик баҳои баланд дода, дар ин маврид гуфтаанд: “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем”.
Зикр гардид, ки айни замон дар вазорат ва сохторҳои он 1021 нафар зан, аз ҷумла 201 нафар хизматчии давлатӣ фаъолият менамоянд, ки дар омода намудаи занону духтарон ба бозори меҳнат саҳми арзанда доранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ занон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.