Мутобиқи моддаи 26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба кор дохил шудан ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:
- шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шаҳодатномаи таваллуд барои шахсоне, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд);
- дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои бори аввал ба кор дохил гардидан);
- гувоҳномаи иқомат ва ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд (барои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунад) ё шаҳодатномаи шахси гуреза;
- ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дониши махсус, дараҷа, ихтисос ё касб барои бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш, малака ва маҳорати дахлдор зарур мебошанд;
- барои уҳдадорони ҳарбӣ-билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ;
- ҳуҷҷати аз муоинаи тиббии пешакӣ гузаштан (барои шахсоне, ки тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд аз чунин муоина гузаранд);
- нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ва шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доғи судӣ ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди чунин маълумот зарур аст. Масалан, барои омӯзгорон ва ё роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҳангоми талаби маълумотномаи доғӣ судӣ (доштани муҷозот бо сабаби авбошӣ, доштани доғи судӣ бо сабаби содир кардани рафтори бадахлоқона), агар доғи судӣ дошта бошад, метавонад асос барои ба кор қабул накардан гардад.
Корфармо ҳуқуқ надорад, аз шахси ба кор қабулшаванда дигар ҳуҷҷатро талаб кунад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ талаби маълумот оид ба надоштани душаҳрвндӣ ва ё талаби баёноти надоштани душаҳрвндӣ ва ғайра. Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” корманд агар шаҳрвандии давлати дигарро дошта бошад, дар хизмати давлатӣ фаъолият карда наметавонад ва мақомоти кадрӣ ин маълумотро талаб мекунад.
Ва ё тибқи банди 5 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванде, ки ба хизмати давлатӣ қабул шудааст, бояд дар муҳлати на дертар аз понздаҳ рӯз баъди ба хизмати давлатӣ дохил шудан ҳиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ доштаашро ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта манзур намояд. Яъне паз аз ба хизмати давлатӣ дохил шудан, аз ҷониби корфармо метавонад ин маълумот талаб карда шавад.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ