3 майи соли равон дар МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» - и Хадамоти муҳоҷират аввалин маротиба шаҳрвандони Тоҷикистон, мақсади муҳоҷирати корӣ ба Федератсияи Россияро доранд аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия имтиҳон супориданд.
Бояд қайд кард, ки имтиҳон дар чаҳорчӯби қарордоде, ки моҳи декабри соли 2022 бо Маркази санҷиши забонҳои Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ба имзо расида буд, баргузор гардид.
Гурӯҳи аввали шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба таври ройгон имтиҳон супорида, соҳиби шаҳодатномаи дахлдор оид ба донистани забони русӣ ба муҳлати панҷ сол шуданд.
Мавриди зикр аст, ки агар ин тартиб тибқи тамоми меъёрҳои зарурӣ сурат гирад, дар оянда ба таври доимӣ санҷиши донистани забони русӣ байни муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад.
Дар суҳбат, муовини директори Маркази санҷиши забонҳои Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург Александр Дроздов чунин иброз намуд “Мо аввалин имтиҳони тестиро аз забони хориҷии русӣ, аз таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия гузаронидем. Пас аз бомуваффақият супоридани имтиҳонот ба иштирокчиён Шаҳодатномаи давлатӣ барои гирифтани иҷозатномаи корӣ (патент) дар ҳудуди Федератсияи Россия дода мешавад. Дар оянда имтиҳонҳо ҳангоми омода намудани гурӯҳ мунтазам гузаронида мешаванд”.
Хоҳишмандон метавонанд, ки барои супоридани имтиҳони мазкур ва гирифтани шаҳодатнома ба Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, Хадамоти муҳоҷират муроҷиат кунанд.
Телефонҳо барои тамос: 225-05-75, 225-02-21: