Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии “Меҳнат”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши корҳои ободонӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таблиғу ташвиқи сарфаю сариштакорӣ, одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии ҷавон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар кори вохӯри Ҳасанзода Гулнора – Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғлти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзуллозода Зарина – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” иштирок намуданд.
Ҳасанзода Гулнора оид ба самтҳои асосии Паёми солонаи Сарвари давлат суханронӣ намуда, доир ба мафҳуму муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувафақиятҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои миллӣ, ҳамзамон бахшҳои паёмро муфассал шарҳ доданд.
Таъқид гардид, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии хуб қайд намуданд, ки дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.
Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт.
Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.
Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.
Зарина Файзуллозода дар суханронии худ иброз доштанд. ки боло рафтани шуури сиёсии мардум, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад, моро водор месозад, ки фаъолияти таблиғотиро бештар вусъат бахшем ва дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳмгузор бошем.
Тавре таъкид гардид, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ гардида истодааст.
Дар фарҷоми маҷлис ба якчанд ҷавони ватандусту хештаншинос, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда барои шомил шудан ба сафи ҳизби бунёдкору созанда ариза пешниҳод намудабуданд, дар вазъияти тантанавӣ, Шаҳодатномаҳои ҳизбяшон супорида шуд.