img
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР ДАР МАВЗӮИ “НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯИ СТАНДАРТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАСНИФОТИ МАШҒУЛИЯТҲО – 2008 ВА ТАТБИҚИ ТАСНИФОТИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Имрӯз, 15 сентябри соли 2022 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Назария ва амалияи Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо-08 ва татбиқи Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, аъзои гурӯҳҳои кории соҳавӣ ва кормандони Гуруҳи татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” баргузор гардид. Чорабинии мазкурро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҳмадуллозода Нурулло ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам намуда, зикр намуданд, ки дар доираи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тољикистон таҳия шудааст, ки татбиқи дурусти он дар амалия яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.

Вобаста ба ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии низоми Стандарти байналмилалии таснифоти машғулиятҳо-2008 (СБТМ-08/ISCO-08): зарурати ташаккули низоми миллии тахассусҳо, ҳадаф ва вазифаҳои Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи СБТМ-08, вазифаҳо вобаста ба татбиқи Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТМҶТ) ва таҳияи номгуи касбҳо, ташаккули заминаи рақамии ТМҶТ ва пайвасти он бо порталҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тарҷумаи СБТМ-08 ба забони тоҷикӣ, бозбинию азнавкунӣ ва татбиқи он дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, аз ҷониби ҳамоҳангсози СБТМ-08 - Маликов Таваккал муарифӣ гардид.

Инчунин, мутахассисони лоиҳа дар бораи беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ, ташаккули заминаи рақамии ТМҶТ ва пайвасти он бо порталҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тарҷумаи СБТМ-08 ба забони тоҷикӣ, бозбинию азнавкунии ТМҶТ ва татбиқи он дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ҳозиринро шинос намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо ҷиҳати иштироки фаъолони ҳамаи сохторҳо дар татбиқи Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд.

15.09.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ