img
Маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Меҳнат” баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботии  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнат”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино  иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.

Зимни ҳисоботи худ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода иброз дошт, ки  ташкилоти ибтидоии “Меҳнат”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти кории худро дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оинномавию барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самтҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ як зумра корҳои бунёдӣ ба анҷом расонида, бобаргузор намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои Оиннома ва Барномаҳои ҳизб саҳмгузорӣ намудааст.

Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухаронӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини аҳолӣ бо музди меҳнати арзанда таваҷҷуҳи махсус намуданд.

Ҳамзамон, дар раванди маҷлис муовини роҳбари Намояндагии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Росия оид ба муҳоҷират ба таври онлайн баромад намуда, дар бораи фаъолияти муштарак бо дафтари ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон дар Федератсияи Росия ҷиҳати роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва дастгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Росия кору зиндагӣ мекунанд, ибрози андеша намуд. Қайд гардид, ки байни муҳоҷирон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон корҳои тарғиботӣ бурда, ҳамеша сиёсати сулҳпарваронаи Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташвиқ менамоянд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнат дар оянда низ барои ҷоннок намудани татбиқи ҳуҷҷати мазкур метавонад барои ҳалли як қатор мушкилоти ҷойдоштаи самти муҳоҷирати аҳолӣ мусоидат намояд.  

Дар охири маҷлис ба як қатор кормандони фаъоли   ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнат”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома ва сипоснома тақдим гардид.

 

 

 

 

 

 

 

30.06.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ