img
ҒИЗОИ СОЛИМ – КАЛИДИ ҶИСМИ СОЛИМ АСТ

25 июни соли 2022 бо мақсади иҷрои банди 31 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 ба тасвиб расидааст, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар соҳаи ҳунармандӣ дар ҳамкорӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти дахлдор дар Муассисаи давлати “Боғи Ирам”-и пойтахт бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Фестивал-намоиши “Таомҳои миллӣ” - ро доир намуд.

Дар фестивали мазкур зиёда 50 нафар таббоҳони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 36 номгӯй таомҳои миллиро, ки яке аз рукнҳои фарҳанги миллии халқи тоҷик мебошад, пешниҳоди меҳмонону сокинон гардониданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни суханронӣ, қайд намуд, ки эҳё, ҳифз ва рушди ҳунармандӣ дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хос дошта, ҳунармандону косибон аз чандин имтиёзҳо бархӯрдоранд, ки барои рушди касбу пешаашон такони ҷиддӣ бахшид ва майлу рағбати аҳли ҷомеаро ба ин самт бештар гардонд.

Дар фестивал ҳунари таомпазии таббохон аз ҷониби гурӯҳи байниидоравӣ аз рӯи се номинатсия баҳогузорӣ шуда, ғолибон муайян гардиданд ва бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

25.06.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ