img
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 30 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 16 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашнҳои 30 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои он баргузор гардид.


Бо садо додани суруди миллӣ муовини якуми вазир Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз ба чорабинии тантанавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида,  иштирокдорони чорабиниро аз номи роҳбарияти вазорат бо ин ҷашнҳои пуршукӯҳ табрику таҳният намуд. 


Иброз карда шуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон бузургтарин рӯйдоди сиёсӣ буда, барои аз вартаи ҳалокат наҷот додани кишвар ва таҳкими пояҳои давлати тозабунёди тоҷикон мақоми махсусро ишғол менамояд. Бо баргузории ин Иҷлосияи таърихӣ марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфта, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангии кишварамон бо ин Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ доранд. 


Ҳамзамон, дар баромад саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули миллат, таъмини Истиқлолият, баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, рушди иҷтимиву иқтисодии кишвар, инчунин моҳияти шакли идораи Президентӣ дар таҳкими давлатории навини тоҷикон қайд карда шуд. 

 

Вобаста ба масъалаҳои мазкур, инчунин Сангинзода Эмин – муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” ва Раҷабов Раҷаб – директори МД “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” ибрози ақида намуданд.

 

Дар идомаи чорабинӣ Сайҳомид Шарипов – сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Иҷлосияи 16 – муқаддимаи китоби давлатдории навини тоҷикон” суханронӣ намуданд.


Дар фарҷоми чорабинӣ муовини якуми вазир Абдулғаффор Раҳмонзода аз иштирокчиёни чорабинӣ оид ба арҷгузорӣ аз дастовардҳои миллӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон ва  пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, иштироки фаъолона дар рушди иҷтимоиву иқтисодии  кишвар ва истиқболи сазовори ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷимкстон даъват ба амал овард.
 

16.11.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ