img
МАШҒУЛИЯТИ СУДМАНД

26 июли соли равон дар «Маркази илмӣ-таълимии демографӣ»-и МД «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ҳамкориҳои пажӯҳишгоҳ бо яке аз шарикони фаъоли рушд - Бунёди Нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) барои олимони пажӯҳишгоҳ, мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат аз тариқи маҷозӣ машғулияти курсҳои такмили ихтисос доир гардид.

Бо назардошти муҳиммият ва мубрамияти омӯзиши масоили демографӣ, мавзуи машғулият «Таҳияи лоиҳаи таҳқиқотӣ ва пешбурди усулҳои таҳқиқот дар демография» ба ҳайси омӯзиш пешниҳоди шунавандагон гардонида шуд.

Маҳмадбекзода Моёншо Шодмон, номзади илмҳои сиёсӣ, директори МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”, бо арзи сипос ба роҳбарияти ЮНФПА барои кумак дар ташкили машғулиятҳои курси такмили ихтисос сухани ифтитоҳӣ намуда, лекторон-омӯзгоронро муаррифӣ кард.

Дар рафти машғулияти курси такмили ихтисос байни шунавандагон ва омӯзгорон, ки олимону устодони Академияи илмҳои Россия, Маркази федеролии таҳқиқоти сотсиологӣ ва Институти тадқиқоти демографии Федератсияи Россия мебошанд, саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои касбӣ ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифтанд.

Пажӯҳишгоҳ тасмим дорад, ки ташкил ва доир намудани чунин машғулиятҳои назариявӣ ва амалии курсҳои такмили ихтисос дар мавзуъҳои мубрами рӯзи таҳқиқоти демографиро идома диҳад.

27.07.2022

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ