img
КОРРУПСИЯ – хатари ояндасўзи амали инсонӣ

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба  татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)», бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии кормандон ва иттилоотонии онҳо оид ба пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба хусусияти коррупсионидошта ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ, дар мавзўи «Коррупсия – хатари ояндасўзи амали инсонӣ»   семинар – машварат баргузор кард.

 

  Дар тадбир сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсия, подполковники адлия Носирӣ Алишер Қаҳҳор ва сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Назриён Васлибек Қурбон иштирок доштанд.

Семинарро Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ - директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ кушода,  зикр намуд, ки мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу кишвар, сарсабзӣ ва сарбаландии миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъона лозиманд.   Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав рў ба рўст. Айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия  дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад. 

Подполковники адлия Носирӣ А.Қ. аз он шукргузорӣ кард, ки имрўзҳо ба туфайли сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу оромӣ ба мову Шумо имконияти хубе баҳри ибрози ақидаҳои  озоди манфиатовар дар самти муқовимат ба зуҳуроти номатлуб фароҳам оварда шудааст.

Мавсуф ҷиҳати амалигардонии Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» гуфт, ки он ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона карда шудааст.

Стратегияи мазкур ҳамаи вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои давлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони  мансабдорро вазифадор намудааст, ки ҳар кадом дар доираи нақшаи таҳиягардида вобаста ба салоҳияти худ корро дар самти пешгирӣ, чораҳои фаҳмондадиҳӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои пайдокунандаи коррупсия ва ба он мусоидаткунанда ҷоннок намоянд.

Инчунин, Носирӣ А.Қ. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, ки аз  07 августи соли 2020, №1714 қабул гардидааст, хусусиятҳои хоси татбиқи муқаррароти меъёрҳои онро ба шунавандагони шарҳу тавзеҳ дод.

Подполковники адлия Назриён В.Қ. зимни суханронӣ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид шудан ба аъзогии Созмони Миллали Муттаҳид дар таърихи 2 марти соли 1992 аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта, дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳонӣ бетараф нест ва дар ин росто саҳми худро бо қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия буда, ба ин санади байналмиллалӣ таърихи 25 сентябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2008 эътироф ва ё ратификатсия карда шудааст.

Назриён В.Қ. афзуд, ки дар қатори дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти муқовимат бо коррупсия қабулгардида, бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмуии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бо коррупсия, 28 октябри соли 2016 ҷиҳати иҷрои банди 45 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадаф аз ҷорӣ намудани механизми таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо  Методология тартиб ва методикаи баргузории таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)-ро тасдиқ намуд. Тибқи банди 2 Қарори мазкур вазоратҳо, ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомтҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баҳри дар амал татбиқ намудани методологияи мазкур чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдода бояд бо ҷамъбасти сол ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намоянд. Дар навбати худ тибқи банди 3-и ин қарор Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки аз натиҷаи иҷроиши Методологияи номбурда дар ҷамъбасти сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар амри пиёдасозии армонҳои миллиамон дар пайравӣ ба Пешвои миллат баҳри решакан ва аз байн бурдани ин падидаи номатлуб фаъолона ширкат намоем.

Дар фарҷом Ашурализода А.А. чорабиниро ҷамъбаст намуда, баён дошт, ки баҳри татбиқи санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома хоҳанд дод.

 

                                                                   Н.С. КУРБАНОВА,

                                                                 сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи

                                                                   дастгоҳи марказии Агентии меҳнат

                                                                   ва шуғли аҳолӣ

30.03.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ