img
МУЗДИ МЕҲНАТИ АЗ ҲАМА БАЛАНД БА СОҲАҲОИ ИСТИХРОҶИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК, ТАЪМИНИ НЕРУИ БАРҚ, ГАЗ, БУҒ ВА ХУНУККУНИИ ҲАВО ВА СОХТМОН МАНСУБ АСТ

Музди меҳнати аз ҳама баланд соли 2023 дар бахши воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок беш аз 3 ҳазору 646 сомонӣ, таъмини неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво- 3 ҳазору 634 сомонӣ, сохтмон- беш аз 3 ҳазор сомонӣ, маориф- 1 ҳазору 645 сомонӣ ва дар соҳаи тандурустӣ- 1 ҳазору 344 сомониро ташкил дод. Дар ин хусус 13 феврал Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи намояндагони расонаҳои хабарии Тоҷикистон иттилоъ дод.


Гулнора Ҳасанзода афзуд, ки музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохт шудааст, соли 2023 дар миқёси ҷумҳурӣ 2013,11 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2022 (1760,29 сомонӣ) қариб 252 сомонӣ ё 14,3 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки камтарин музди меҳнат дар ин давра дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ба кормандони соҳаи кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ рост омад, ки қариб 812 сомониро ташкил медиҳад.

 

khovar.tj

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

16.02.2024

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ