img
МУАРИФИИ “СИСТЕМАИ ЯГОНАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ”

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460 “Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат оид ба гузаштан ба иқтисоди хизмататрасониҳои рақамӣ ва дар ин замина беҳтар намудани назорат ва ҳисоботдиҳӣ тавассути ҷорӣ намудан ва гузаштан ба технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ва таъмин намудани рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Бо назардошти нақши муҳим доштани раванди бомароми рақамикунонии иқтисоди миллӣ вазорат ба таҳияи “Системаи ягонаи иҷозатномадиҳии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” шуруъ кардааст.

Мавриди зикр аст, ки барномаи мазкур раванди содагардонидашудаи хизматрасониро ба муҳоҷиронеро дар бар мегирад, ки пеш аз сафар ба Тоҷикистон худро дар ҷои иқоматашон ба қайд мегиранд. Дар баробари ин Системаи ягонаи иҷозатномадиҳии Хадамоти муҳоҷират, имкон фароҳам меорад, ки шаҳрванди кишвари хориҷа бевосита бидуни миёнарав ва хароҷоти зиёдати худро барои сафар омода намояд.

Системаи ягонаи иҷозатномадиҳӣ низоми муосири технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба ҳисоб рафта, дар татбиқи амалигардонии бомароми низоми ҳукумати электронӣ қадами устувор мебошад.

Ҳадафи таъсиси Системаи ягонаи иҷозатномадиҳии Хадамоти муҳоҷират, дар кишвар ин ноил шудан ба самаранокии фаъолияти кории ин ниҳод ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин содда гардонидани қоидаҳо ва кам кардани муҳлатҳои расонидани хизматҳои иҷтимоӣ, кам кардани хароҷоти зиёдатӣ ва баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба иттилоот мебошад.

Афзалиятҳо барномаи мазкур дар он аст, ки кори муҳоҷиронро бамаротиб осон мегардонад.

27.04.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ