Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза барои аз байн бурдани меҳнати кӯдаконро таҷлил менамояд.
Аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат нахустин маротиба соли 2002 ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза барои аз байн бурдани меҳнати кӯдакон эълон гардида буд.
Мақсади он ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли башар ба мушкилоти кӯдакон ва зарурати татбиқи чораҳои бартараф кардани он мебошад. Ҳамасола 12 июн ҳукуматҳо, иттиҳодияҳои корфармоён ва коргарон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон барои мубориза ҷиҳати аз байн бурдани меҳнати кӯдакон якҷо мешаванд.
Дар соли 2015 бошад, 7 Ҳадафҳои Рушди Устувор қабул карда шуданд ва Ҳадафи ҳаштум, ин то соли 2030 хотима бахшидан ба меҳнати маҷбурӣ ва тамоми шаклҳои меҳнати кӯдакон мебошад.
Истифодабарӣ аз меҳнати кӯдакон на фақат барои мамлакатҳои сустинкишофёфта, инчунин барои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз қабили Англия, Италия ва Португалия низ хос аст. Аммо дар байни кишварҳои пешрафта, ки аз меҳнати кӯдакон истифода мебаранд ва кишварҳои дар ҳоли рушд тафовути муайяне вуҷуд дорад. Дар кишварҳои пешрафта кӯдакони машѓули корбуда таҳсилро идома дода метавонанд, дар кишварҳои дар ҳоли рушд бошад, кӯдакон аз синни барвақт ба меҳнат ҷалб карда шуда, дар шароити номусоид кор мекунанд ва бо сабаби нарасидани вақт ва маблағ аз идомаи таҳсил маҳрум мегарданд.
Таҳлилҳои коршиносон нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии мавриди истифода қарор гирифтани меҳнати кӯдакон дар шаҳрҳои калон мушкилоти оилавии дорои хусусияти иқтисодӣ мебошад. Вазъияти душвори иқтисодӣ боиси он мегардад, ки волидайн талаботи рӯзафзуни фарзандони худро қонеъ гардонида наметавонанд. Чунин вазъият кӯдаконро маҷбур мекунад, ки манбаъҳои рӯзгори худашонро ҷустуҷӯ кунанду дарёбанд. Дар оилаҳое, ки сатҳи пасти зиндагӣ доранд, равиши волидайн ба сӯйи бадмастӣ ва рафтори бадахлоқона самт мегирад, ки бар асари он муҳити ахлоқиву равонии оила осебпазир мегардад. Дар натиҷа кӯдак ба шахси бесарпаноҳе табдил меёбад, ки бояд худаш пораи нонро пайдо кунад.
Ҳамин тариқ, мушкилоти иқтисодӣ ва ахлоқӣ-равонии оила сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани меҳнати кӯдакон мебошад.
Албатта, ёздаҳ сол барои таърихи аҳли ҷомеа давраи басе кӯтаҳест, аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат тавонист, ки бо дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсоз ва пешбарандаи ҷомеаи навин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон қадамҳои устувор гузорад ва ин як амри табиист, зеро ки кишвари мо дорои табақаи ҷавони аҳолӣ мебошад.
Дар навбати аввал, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт силсилаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, заминаи қонунгузории ҳифзи кӯдаконро устувор намуд ва тавассути ин иқдом баҳри аз байн бурдани меҳнати кӯдакон тадбирҳои самарабахш татбиқ менамояд.
Сарманшаи сиёсати собитқадамонаи давлати соҳибистиқлоли мо дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак (1989), Конвенсияҳои Ташкилоти байналхалқии меҳнат: № 138 «Оид ба ҳадди ақали синну сол барои ба кор қабул кардан» (с.1993); №182 «Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак» (2005) ва Тавсияномаи ТБМ №190 «Оид ба манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати нест намудани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон» маҳсуб меёбанд.
Маҳз ба хотири аз байн бурдани меҳнати кӯдакон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, таҳти №169 «Рӯйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати ашхоси аз 18-сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо» ва аз 31 октябри соли 2014 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” рӯйи кор омадаанд ва собитқадамона мавриди иҷрои пурра ва саривақтӣ қарор дода шуданд.
Дар Рӯйхати номбурда меъёре пешбинӣ гардидааст, ки шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, корҳои шароиташон номусоид ва хатарнок, ҳадди меъёри борро дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо ба танзим дароварда мешавад. Тибқи меъёрҳои давлатӣ ва байналмилалӣ шахсони то синни 18-сола ноболиѓ ҳисобида мешаванд. Рӯйхат меъёреро пешбинӣ менамояд, ки ба муносибатҳои меҳнатии ѓайрирасмӣ ҷалб намудани кӯдакони ноболиѓро аз байн бурда, ҳуқуқҳои онҳоро дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳифз менамояд.
Қабули қарори мазкур имкон фароҳам овард, ки дар мавриди ба кор ҷалб намудани кӯдакон, онҳо дар сатҳи қобили қабули ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, тавассути таъсис додани шароити мусоиди корӣ, бархӯрдор гардидан аз кафолату имтиёзҳои иловагии давлатӣ истифода баранд.
Бо татбиқ гардидани Рӯйхати номбурда, корҳое ки бо хусусияти худ ё шароити хоси худ метавонанд ба саломатӣ, бехатарии ашхоси ноболиѓ зарар расонанд, ба монанди корҳои зеризаминӣ, зериобӣ, дар баландии хатарнок, мошинаҳои ҳаракаткунанда, таҷҳизоту асбобҳо ва ё бо даст бардоштан ё худ аз ҷое ба ҷои дигар кашонидани борҳои вазнин, таъсири чизҳои хатарнок дар ҷараёни кор, ҳарорат, ѓавѓову лаппиш, шиддатнокӣ ва дигар корҳои зараровар минбаъда пешгирӣ карда мешаванд. Инчунин, ба волидайн ва парасторон иҷозат дода намешавад, ки фарзандони худро ба корҳои хавфноку вазнини ба саломатӣ зараровар ва дигар корҳое, ки ба инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва равонии онҳо халал мерасонанд, ҷалб намоянд.
Сиёсати ҳифзи меҳнати кӯдакони аз ҷониби давлат муайяншуда барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (корфармо) ӯҳдадории муҳим ба ҳисоб рафта, пешгирии иштироки ашхоси мазкурро дар корҳои шароиташон номусоид ва зараровар тавассути амалҳои мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва мақомоти дигари намояндагии ваколатдори кормандон амалӣ менамояд.
Меҳнати кӯдакон, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро маҳкум мекунад, метавон ба се гурӯҳ тақсим намуд:
- бадтарин шаклҳои меҳнати кӯдакон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ғуломӣ, хариду фурӯши кӯдакон, меҳнати вобаста ба асорат ва дигар шаклҳои меҳнати маҷбурӣ, ҷалби маҷбурии кӯдакон барои истифода дар даргириҳои мусаллаҳона, бо мақсади танфурӯшӣ муайян карда мешаванд;
- меҳнате, ки барои иҷрои он синни ҳадди ақали кӯдак нарасидааст (мувофиқи қонунгузории миллӣ ва дар асоси стандартҳои қабулшудаи байналмилалӣ), ки бо ҳамин ба таълиму тарбияи кӯдак ва ҳамаҷонибаи ӯ халал мерасонад;
– меҳнате, ки ба вазъи саломатии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё ахлоқии кӯдак ва рушди кӯдак, аз рӯи моҳияташ ё бо сабаби шароити иҷрои он хатар эҷод мекунад ва “кори хатарнок ва зарарнок” ном дорад.
Ҷоизи қайд аст, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвибрасида, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, ба манфиати ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, равона карда шудаанд ва барои амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва роҳ надодан ба ҷалби кӯдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат равона шудаанд.
Боиси қаноатмандист, ки тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Аз ҷумла:
- ҳимояи устувори суроғавии иҷтимоӣ барои оилаҳои ниёзманд ва камбизоат ва фарзандони онҳо, ки дар мактаб таҳсил мекунанд;
- дастрасии озод ба захираҳои қарзӣ;
- имконияти ба даст овардани сармояи ибтидоӣ барои ташкили тиҷорати шахсии худ.
Тибқи моддаи 211 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ муқаррар карда мешавад: яъне барои кормандони аз чордаҳсола то шонздаҳсола - на зиёда аз 24 соат дар як ҳафта; барои кормандони аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола - на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта; барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ, ки якҷоя дар давраи соли таҳсил кор ва таҳсил мекунанд, аз чордаҳсола то шонздаҳсола - 2,5 соат дар як рӯз ва аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола 3,5 соат дар як рӯз.
Дарвоқеъ, кӯдакон захираи мутахассисони ояндаи ҳар давлатанд ва онҳо бояд дар навбати аввал саводи казоиро соҳиб бошанд. Аз ин рӯ, онҳо набояд аз ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар канор бимонанд.
Бо мақсади ҳаллу фасл намудани масоили марбути аз байн бурдани истифодаи меҳнати кӯдакон амалӣ сохтани чунин тадбирҳо низ ба манфиати кор мебошад:
- татбиқи самараноки қонунҳое, ки ба ҳифзи кӯдакон нигаронида шудаанд;
- ҷалби муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ ба ҳалли мушкилоти меҳнати кӯдакон;
- мухайё кардани шароит барои меҳнат (на кори вазнин) ва пайвастани он бо раванди таҳсил;
- аз байн бурдани арзёбиҳое, ки тибқи онҳо гӯё кӯдакони ноболиғ, бетаҷриба ва нотавонанд ва нисбат ба калонсолон арзиши камтар доранд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазаман ба кӯдакон фаҳмонда додани ҳуқуқҳои онҳо тибқи муқаррароти қонунгузории соҳаи ҳифзи кӯдакон.