img
МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

9 марти соли равон вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар Ҷумҳурии Корея ва механизми татбиқи созишномаҳои баимзорасида байни сохторҳои вазорат ва музофотҳои Ҷумҳурии Корея оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар Ҷумҳурии Корея, мубодилаи афкор намуданд.

Ҷаноби Квон Донг Сок омодагии худро ҷиҳати мусоидат дар баррасӣ ва баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар Ҷумҳурии Корея бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоқикистон зимни фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Корея изҳор намуд.

10.03.2023

Сомонаҳои мақомоти давлатӣ