Фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил тариқи бунёду азнавсозии иншоот, таъмири асосӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир яке аз ҳадафҳои нақшавии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошад, ки аз Паёми Пешвои муаззами миллат доир ба ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ сарчашма мегирад ва бо ин мақсад дар як қатор иншоот корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ босуръат ҷараён доранд.
Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон сохтмони литсейҳои касбии техникӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Фархор ва Панҷ идома дорад.
Тибқи лоиҳаи ангоравии сохтмонҳои мазкур литсейҳои номбаршуда доро бинои таълимӣ барои 200 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 100 нафар буда, майдончаи варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд карда мешавад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Литсейи касбии техникии ноҳияи Қубодиён аз ҷониби ҶДММ “Фаридун-Д” ва Литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ аз тарафи пудратчӣ ҶДММ “Ғайрат-М” вусъат ёфта, зиёда аз 40 нафар сокинони маҳаллӣ дар сохтмонҳои мазкур бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Ҳамин гуна, корҳои сохтмонӣ дар бинои Литсейи касбии техникии ноҳияи Фархор дар сатҳи корҳои заминӣ ва бетонрезии таҳкурсии бинои таълимӣ ҷараён дорад.
Раванди корҳои сохтмониро МД “Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ”-и вазорат назорат бурда, барои анҷоми корҳо маҳсулоти баландсифати ватанӣ истифода бурда мешаванд.