Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда дар замони қадим пайдо шуда, то имрӯз кариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Дар замонҳои қадим (коррупсия) ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррарасонда ва фурӯхтани мансаб маънидодшуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахси фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гаштан ба қатор душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию, фарҳангӣ ру ба ру гардид, ки мубориза бо коррупсия яке аз онҳост. Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо ба ҳисоб меравад. Он боиси коҳиши эътимоди мардум ба сохторҳои давлатӣ, пастшавии сатҳи зиндагӣ ва кам шудани сармоягузорӣ мегардад.
Аз рӯ дар шароити имрӯзаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо коррупсия масъалаи муҳим ва рузмарра маҳсуб меёбад. Пеш аз ҳама барои мо зарур аст, то миёни аҳли ҷомеа ва хизматчиёни давлативу ҷамъиятӣ фаҳмишеро тақвият бахшем, ки коррупсия зуҳуроти хатарнок барои амнияти давлати миллати мо мебошад. Имрӯз аз проблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад, ки дар масири солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо пешкаш шудаанд, ки на танҳо давлатро зери хатар мегузорад, балки тамоми ҷомеаро фарогир намуда, рушди онро халалдор мекунад.
Мубориза бо коррупсия-вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа мебошад. Дар Тоҷикистон барои муқовимат бо ин падида як қатор қонунҳо қабул гардиданд, ки Агенти назорати давлатӣ ва молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, онҳоро роҳандозӣ менамояд. Ҳамчунин, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз роҳҳои асосии мубориза маҳсуб меёбанд. Мубориза бо ин амали номатлуб танҳо тавассути амалҳои муштараки давлат, яъне ҳар як шаҳрванди мамалакат имконпазир аст. Ҳар яки мо барои пешгирии ин падидаи номатлуб ҳиссагузор бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия як қатор тадбирҳои муҳим андешидааст. Аз ҷумла қабули Стратегияи муқовимат бо коррупсия, ташкили Агентии назорати давлати ва молияви ва мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон, роҳандозии рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ, ки имконияти муносибатҳои коррупсиониро коҳиш медиҳад. Аз ин ру мубориза бо коррупсия вазифаи танҳо як ниҳод ё як шахс нест, балки масъулияти умумимилллӣ мебошад. Танҳо бо иштироки ҷомеа, давлат ва шаҳрвандон метавонем ин падидаро решакан намоем ва барои рушди устувор, адолати иҷтимоӣ ва давлатдории шаффоф замина гузорем.
Бо назардошти он ки коррупсия ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, мубориза бо он бояд дар маркази таваҷҷуҳи давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шахси масъул қарор гирад. Бартараф намудани заминаҳои пайдошавии коррупсия тақвияти ниҳодҳои давлатӣ боло бурдани шаффофияти фаъолияти онҳо ва таъмини дастрасии омма ба иттилооти давлатӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб мебошад.
Дар баробари ин омӯзиши фарҳанги зиддикорупсионӣ аз синни наврасӣ, ворид намудани мавзӯъҳои марбут ба ҳуқуқ ва ахлоқ ба барномаҳои таълимӣ, баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва иттилооти мунтазам бо ҷалби ҷомеа метавонад дар ташаккули маърифати зиддикорупсионӣ нақши муассир бозад. Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ натанҳо аз қабули қонунҳо, балки аз амалишавии босамари онҳо дар тамоми сатҳҳои идоракунии давлатӣ вобаста аст. Дар ин раванд, шаффофияти низоми интихоб, таъйин ва пешбарии кадрҳо, масъулиятшиносии мансабдорон ва иҷрои одилонаи вазифаҳо аҳамияти калиди доранд.
Пурзур кардани чораҳои мубориза бар зидди коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорату иҷроиши онҳо яке аз муҳимтарин масъалаҳо мебошад. Пас, аз ин ҷо бармеояд, ки мавҷуд будани норасоиҳо дар қонунгузорӣ боиси содиршавии амалҳои содиршавии амалҳои коррупсионӣ мегардад. Дар ин замина таҳкими қонунгузории зиддикорупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат аз болои мақомоти давлатӣ оид ба иҷрои вазифаҳои худ, баланд бардоштани шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, ба хусус ҷавонон яке аз роҳҳои решакан кардани амалҳои коррупсиони дар ҷомеа мебошад.
Таҳкими волоияти қонун ва таъмини баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун - қадами устувор ба сӯи ҷомеаи бе фасод аст. Дар ин замина зарур аст, ки қонуншикан, новобаста аз мансаб ва мақом, ҷавобгар гардад ва нисбати онҳо ҷазои сазовор татбиқ карда мешавад. Ин раванд ба баланд бардоштани этимоди мардум ба ҳокимият ва ниҳодҳои давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷамбаст метавон гуфт, ки мубориза бо коррупсия як омили асосӣ дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, рушди устувории иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Барои муваффақ шудан дар ин ҷодда, ҳамкории мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи мардум аҳамияти бузург дорад. Фақат бо кӯшиши дастаҷамъона мо метавонем ҷомеаи шаффоф, одилона ва бидуни коррупсия бунёд намоем.
Мамадасанова Саида – Сармутахассис (ҳуқуқшинос)-и
бахши кадрҳо ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии “Маркази таҳияи стандартҳои салоҳияти касб”